Дар ноҳияи Варзоб корхонаи семент бунёд мешавад

Имрӯз, 23 июн Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни сафари корӣ ба ноҳияи Варзоб дар қисмати шимолии деҳаи Харангони болои ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи истеҳсоли семент асос гузоштанд.

Ҳангоми муаррифи лоиҳаи сохтмони корхона иттилоъ дода шудааст, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи Тоҷик дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар масоҳати 16 га корхонаи нави истеҳсоли дар муддати 17 моҳ сохта ва ба истифода диҳад.

Бино ба иттилои расмӣ, иқтидори истеҳсолии корхонаи бунёдшаванда дар як сол 1,2 миллион тонна сементро ташкил хоҳад дод.

Пас аз ба истифода додани корхона  зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ  фароҳам оварда мешаванд.

Бунёди ин корхона низ дар назди конҳои оҳаксанг, магнетит ва хоки Харангон, ки дар наздикии он мавҷуданд, ба нақша гирифта шуда, сохтмон, воридоти техника, технология, дастгоҳу таҷҳизот ва дигар лавозимоти зарурӣ пурра бо ҷалби сармояи ватанӣ роҳандозӣ хоҳад гашт.

Тамоми дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ муосир буда, дар раванди истеҳсолот қоидаҳои экологӣ ва бехатарии муҳити зист таъмин карда мешаванд.

Сармоягузор ва бунёдкунандаи корхонаи дуюм Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи Тоҷик мебошад.

Бояд таъкид дошт, ки ҳарду корхонаи семент мутобиқ ба талаботи муосири экологӣ сохта шуда, ба муҳити зист таъсири манфӣ намерасонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *