Тандурустии Ҷайҳун. Аз беҳбуди нишондиҳандаҳо то таҳкими заминаи моддию техникӣ

Тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ ба яке аз бахшҳои босуръат рушдкунанда табдил ёфт. Дар ноҳияи Ҷайҳун низ натиҷаҳои фаъолияти панҷ моҳи соли 2026 нишон медиҳанд, ки дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани сатҳи дастрасии аҳолӣ ба ёрии тиббӣ ва таҳкими иқтидори кадрӣ пешрафтҳои назаррас ба даст омадаанд.

Бино ба иттилои сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун Муҳаммадсобир Мирзоев, имрӯз ба беш аз 170 ҳазор нафар аҳолии ноҳия шабакаи васеи муассисаҳои тиббӣ хизмат мерасонанд. Дар ноҳия 71 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта, онҳо дорои 460 катанд. Ба ин шумора беморхонаи марказӣ, беморхонаи рақами 1, беморхонаи бемориҳои сил, беморхонаҳои минтақавӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои махсусгардонидашуда шомиланд.

Имрӯз аҳолии ноҳия аз хизматрасонии беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашуда истифода мебаранд. Мавҷудияти 42 бунгоҳи саломатӣ дар деҳот имконият фароҳам овардааст, ки сокинон дар маҳали зисти худ аз муоина ва машварати тиббӣ баҳра бардоранд.

Афзоиши шумораи кормандони тиб

Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди соҳа зиёд гардидани шумораи кормандони тиб мебошад. Агар дар панҷ моҳи соли 2025 дар муассисаҳои тандурустии ноҳия 1361 нафар фаъолият мекарданд, пас ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2026 ба 1496 нафар расидааст. Яъне шумораи умумии кормандони тиб 135 нафар зиёд шудааст.

Шумораи духтурон аз 145 нафар ба 163 нафар расидааст. Ин нишон медиҳад, ки масъалаи ҷалби мутахассисони баландихтисос тадриҷан ҳал гардида истодааст.

Ҳамзамон, шумораи кормандони миёнаи тиббӣ аз 671 нафар ба 735 нафар афзудааст. Кормандони хурди тиббӣ низ аз 330 нафар ба 354 нафар расидаанд.

Имрӯз таъминоти ноҳия бо духтурон ба ҳар 10 ҳазор аҳолӣ 9,5 нафар ва бо кормандони миёнаи тиббӣ ба 42,6 нафар баробар мебошад.

Нишондиҳандаи дигар сатҳи касбияти кормандон аст. Дар ноҳия 268 нафар корманди тиб дорои дараҷаи тахассусӣ мебошанд. Аз ҷумла, 63 нафар духтур ва 205 нафар корманди миёнаи тиббӣ дорои дараҷаҳои касбӣ мебошанд.

Афзоиши маблағгузорӣ

Рушди соҳа бидуни маблағгузории кофӣ ғайриимкон аст. Тибқи маълумоти расмӣ, маблағгузории соҳаи тандурустии ноҳияи Ҷайҳун дар панҷ моҳи соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст.

Агар соли 2025 барои соҳа 6 миллиону 835 ҳазору 618 сомонӣ пешбинӣ шуда бошад, соли 2026 ин нишондиҳанда ба 7 миллиону 858 ҳазору 335 сомонӣ расидааст. Иҷроиши нақша низ беҳтар гардида, аз 99 фоиз ба 99,7 фоиз расидааст.

Ин афзоиш имкон медиҳад, ки муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизот таъмин шуда, шароити хизматрасонӣ беҳтар гардад.

Афзоиши таваллуд

Таҳлили нишондиҳандаҳои демографӣ нишон медиҳад, ки дар ноҳия афзоиши табиии аҳолӣ нигоҳ дошта мешавад.

Дар панҷ моҳи соли 2025 дар ноҳия 1649 ҳолати таваллуд ба қайд гирифта шуда буд. Ин нишондиҳанда дар соли 2026 ба 1757 нафар расидааст. Яъне шумораи таваллуд 108 нафар зиёд шудааст.

Ҷолиб он аст, ки беш аз 99 фоизи таваллудҳо дар муассисаҳои тиббӣ сурат гирифтаанд. Агар соли 2025 танҳо 13 ҳолати таваллуд дар хона ба қайд гирифта шуда бошад, соли 2026 ин рақам 15 ҳолатро ташкил додааст.

Ин нишон медиҳад, ки эътимоди аҳолӣ ба муассисаҳои тиббӣ афзоиш ёфтааст.

Коҳиши фавт

Яке аз дигаргуниҳои назарраси соҳа коҳиш ёфтани фавти умумӣ мебошад. Дар панҷ моҳи соли 2025 дар ноҳия 153 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуда буд. Дар ҳамин давраи соли 2026 шумораи фавт ба 126 ҳолат коҳиш ёфтааст.

Коҳиши фавт дар шароити афзоиши аҳолӣ нишон медиҳад, ки сатҳи хизматрасонии тиббӣ беҳтар гардида, дастрасии аҳолӣ ба табобат бештар шудааст.

Беҳтар шудани вазъи модару кӯдак

Яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳияи Ҷайҳун ҳифзи саломатии модару кӯдак мебошад.

Дар ноҳия шумораи занони қобили таваллуд аз 39 ҳазору 752 нафар дар соли 2025 ба 40 ҳазору 497 нафар дар соли 2026 расидааст. Ҳамзамон, шумораи истифодабарандагони воситаҳои контрасептивӣ аз 17 ҳазору 366 нафар ба 18 ҳазору 179 нафар афзоиш ёфтааст. Ин нишон медиҳад, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии аҳолӣ натиҷаи мусбат медиҳад.

Нишондиҳандаи муҳими дигар афзоиши шумораи занони ҳомилаест, ки то 12 ҳафтаи аввали ҳомилагӣ ба қайди тиббӣ гирифта мешаванд. Агар соли 2025 чунин занон 1608 нафар буданд, соли 2026 шумораи онҳо ба 1862 нафар расидааст. Ин маънои онро дорад, ки занон бештар ба саломатии худ аҳамият медиҳанд ва таҳти назорати табибон қарор мегиранд.

Ҳамзамон, шумораи занони гирифтори камхунӣ аз 1231 нафар ба 1024 нафар коҳиш ёфтааст, ки ин низ аз беҳтар шудани назорати тиббӣ шаҳодат медиҳад.

Пешрафт дар фаъолияти ёрии таъҷилӣ

Ёрии таъҷилӣ яке аз бахшҳои муҳими низоми тандурустӣ мебошад. Имрӯз дар ноҳияи Ҷайҳун 7 мошини ёрии таъҷилӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар панҷ моҳи соли 2026 шумораи даъватҳо ба 1880 адад расидааст, ки нисбат ба соли гузашта каме зиёд мебошад. Аз ин шумора 1809 ҳолат бо иштироки мошинҳои ёрии таъҷилӣ хизматрасонӣ шудааст.

Ин нишон медиҳад, ки хизматрасонии фаврии тиббӣ барои аҳолӣ дастрас буда, дар ҳолатҳои зарурӣ сари вақт ба шаҳрвандон кумак расонида мешавад.

Афзоиши хизматрасониҳои статсионарӣ

Таҳлили фаъолияти беморхонаҳо нишон медиҳад, ки дар соли 2026 шумораи беморони бистаришуда афзоиш ёфтааст. Агар дар панҷ моҳи соли 2025 дар муассисаҳои статсионарӣ 3914 нафар табобат гирифта бошанд, ин нишондиҳанда дар соли 2026 ба 4596 нафар расидааст.

Ҳамзамон, иҷроиши кат/рӯз аз 39 фоиз ба 47,5 фоиз баланд шудааст. Ин нишон медиҳад, ки муассисаҳои тиббӣ бештар истифода мешаванд ва аҳолӣ барои хизматрасонии статсионарӣ муроҷиат менамоянд.

Дар самти ҷарроҳӣ низ пешрафт ба назар мерасад. Дар панҷ моҳи соли 2025 ҳамагӣ 514 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуда бошад, дар ҳамин давраи соли 2026 шумораи онҳо ба 671 расидааст. Афзоиши 157 амалиёт аз беҳтар шудани имкониятҳои табобатӣ шаҳодат медиҳад.

Ба гуфтаи сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун Муҳаммадсобир Мирзоев, таҳлили нишондиҳандаҳои панҷ моҳи солҳои 2025 ва 2026 нишон медиҳад, ки соҳаи тандурустии ноҳия дар масири рушд қарор дорад. Афзоиши шумораи кормандони тиб, беҳтар шудани вазъи демографӣ, коҳиши бемориҳои сироятӣ, густариши хизматрасониҳои статсионарӣ ва баланд шудани сатҳи дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ аз муҳимтарин дастовардҳои соҳа ба шумор мераванд.

– Бо идомаи татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми кормандони соҳаи тандурустӣ метавон интизор буд, ки дар солҳои оянда низ сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар ноҳияи Ҷайҳун боз ҳам беҳтар гардида, саломатии аҳолӣ бештар ҳифз хоҳад шуд. Зеро, чунонки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, сарвати асосии давлат инсон ва саломатии ӯ мебошад,- афзуд ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *