Мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо Президенти Фонди Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва дигар намояндагони ҳайати кишвар бо Президенти Фонди Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (OPEC) оид ба рушди байналмилалӣ Абдулҳамид Алхалифа мулоқот намуданд.

Ин мулоқот 23-юми июни соли равон дар шаҳри Венаи Австрия доир шуд.

Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Фонди OPEC оид ба рушди байналмилалӣ мавриди баррасии қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо доир ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар бахшҳои энергетика, захираҳои об, рушди инфрасохтор ва ҷалби сармоя барои амалисозии ҳадафҳои стратегии рушди кишвар мубодилаи афкор намуда, имкониятҳои тавсеаи ҳамкориҳоро дар самтҳои мазкур баррасӣ карданд.

Ҳайати Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Фонд дар самти татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намудааст. Ҳамзамон, омодагиро барои густариши минбаъдаи равобити шарикӣ ва татбиқи ташаббусҳои нави муштарак таъкид кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *