Нисо Муҳаммадҷонова-аз саҳнаи Лоҳутӣ то синамои тоҷик (видео)
Нисо Муҳаммадҷонова, ҳунарпешаи маъруфи театру синамои тоҷик, имрӯз 80-сола шуд. Ӯ 24 июни соли 1946 ба дунё омадааст.
Нисо Муҳаммадҷонова баъди хатми мактаби ҳаштсола ба омӯзишгоҳи мусиқӣ дохил шуда, баъдан бо мусоидати ҳунарманди шинохта Убайдулло Раҷаб ба студияи назди Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ роҳ ёфт. Аз соли 1964 инҷониб дар ин театр фаъолият намуда, дар беш аз 100 намоишнома нақш офаридааст.
Аз ҷумла, дар намоишномаҳои «Хизматгори ду хоҷа», «Садо аз тобут», «Фарёди ишқ», «Охирин арӯси амиралмӯъминин», «Шаби гирифтани моҳ», «Хатро ман навишта будам», «Рустам ва Суҳроб», «Корвони бахт», «Беватан» ва дигар асарҳои саҳнавӣ ҳунари худро нишон додааст.
Ӯ ҳамчунин дар садогузории беш аз 500 филм ба забони тоҷикӣ иштирок кардааст.
Дар синамои тоҷик бошад, дар филмҳои «Нишони зиндагӣ», «Пой дар гил», «Сафари ҳавоӣ», «Хушдоманҳо ё ман на манам», «Автобус» ва «Парвоз» нақш офарида, бо маҳорати ҳунарии худ маҳбубияти зиёди тамошобинонро соҳиб шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ