Португалия Ӯзбекистонро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод

Мунтахаби Португалия дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 бар тими миллии Ӯзбекистон бо ҳисоби бузурги 5:0 пирӯз шуд.

Қаҳрамони ин вохӯрӣ Криштиану Роналду буд, ки ду маротиба дарвозаи ҳарифро рахна карда, шумораи умумии голҳои худро дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон ба 10 расонд. Бо ин дастовард ӯ беҳтарин нишонзани мунтахаби Португалия дар таърихи Ҷоми ҷаҳон гардид.

Португалиҳо аз дақиқаҳои аввали бозӣ бартариро ба даст гирифта, бо ҳуҷумҳои пайваста хатари зиёд эҷод карданд. Дар натиҷа, дарвозаи мунтахаби Ӯзбекистон панҷ маротиба боз шуд ва футболбозони Осиёи Марказӣ натавонистанд ба ягон голи ҷавобӣ даст ёбанд.

Пас аз ин пирӯзӣ мунтахаби Португалия бо 4 имтиёз ба садри гурӯҳи «К» баромад. Мунтахаби Ӯзбекистон бошад, пас аз ду бозӣ бидуни имтиёз дар зинаи охири ҷадвал қарор гирифта, барои идомаи мубориза дар даври ниҳоӣ шонси камтар дорад.

Дар даври оянда португалиҳо бо Колумбия рӯ ба рӯ мешаванд ва Ӯзбекистон бо Ҷумҳурии Демократии Конго бозӣ хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *