Ду деҳаи Ӯзбекистон ба ҳайати Қирғизистон гузашт
Дар натиҷаи демаркатсияи сарҳади давлатӣ миёни Ӯзбекистон ва Қирғизистон ду деҳаи вилояти Фарғона ба ҳайати Қирғизистон дохил шуд.
Сухан дар бораи деҳаҳои Чонгара ва Таш-Тобо меравад, ки дар онҳо тақрибан 2500 нафар зиндагӣ мекунанд. Аксари сокинони ин маҳалҳо қирғизтабор мебошанд.
Ба иттилои расонаҳо, Қирғизистон дар ивази ин деҳаҳо қитъаҳои замин дар минтақаҳои наздисарҳадиро ба Ӯзбекистон вогузор кардааст.
Ҳоло дар деҳаҳои мазкур корҳои бақайдгирӣ идома дошта, баъди анҷоми онҳо сокинон шаҳрвандии Қирғизистонро дарёфт хоҳанд кард.
Ин тағйирот дар доираи раванди мушаххассозии хатти сарҳади давлатӣ миёни ду кишвари ҳамсоя амалӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ