Бунёди 18 бинои иловагӣ дар Ёвон
Дар ноҳияи Ёвон ба хотири фароҳам кардани шароити боз ҳам беҳтар барои хонандагон ба бунёди синфхона ва биноҳои иловагӣ таваҷҷуҳ бештар гардидааст.
Раҷбмурод Муродализода, мудири шуъбаи маориф дар ноҳияи Ёвон дар суҳбат бо Pressa.tj афзуд, ки бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорону шахсони саховатманд, дар назди 18 муассисаи таълимӣ сохтмони бинои иловагӣ ба нақша гирифтаем. Ӯ мегӯяд, аз оғози соли таҳсили 2025 – 2026 аксарияти иншооти мавриди назар сохта ба истифода дода шуд. Ҳоло дар чанд бинои дигари иловагӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад, – таъкид кард вай.
“Бо бунёди 18 бинои иловагии дуошёна барои 11 ҳазору 800 хонанда ҷойи нишасти нав ташкил мешавад. Биноҳои иловагӣ ҳама дуошёна буда, дорои синфхонаҳои барҳаво мебошанд. Дар баробари мақомоти маҳаллӣ ва Вазорати маориф ва илм саҳми сокинону соҳибкорони ҳимматбаланд дар корҳои сохтмонӣ кам нест”,-гуфт номбурда.

Раҷабмурод Муродализода афзуд, ки ҳафтаи равон, бо иштироки Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Ёвон бунёди бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таълимии рақами 45 шуруъ карда шуд. Иншооти мавриди назар то сентябри соли ҷорӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт ва барои 1 ҳазору 600 хонанда ҷоий нишаст мешавад, – мегӯяд вай.
Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Ёвон саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпешаро дар корҳои ободонӣ ва дастгирии соҳаи маориф шоистаи таҳсин гуфта, чунин иқдомҳоро намунаи масъулияти баланд номидааст. Ӯ зикр кардааст, ки бо бунёди биноҳои иловагӣ, имкониятҳо барои фарогирии бештари хонандагон, омӯзишу таълим дар шароити мусоид ва баланд бардоштани сифати таҳсил бештар мегарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ