Аз синфхона то сафи Артиши миллӣ. Таҷрибаи ибратбахши омӯзгори Истаравшан

Дар замоне ки масъалаи тарбияи ватандӯстӣ ва омода намудани ҷавонон барои хизмати ҳарбӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст, иқдомҳои шахсоне, ки бо меҳру масъулият дар ин ҷода саҳм мегузоранд, шоистаи қадрдонӣ мебошанд. Яке аз чунин шахсиятҳо омӯзгори соҳибтаҷрибаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и деҳаи Заринсори шаҳри Истаравшан Дилафрӯз Рӯзибоева мебошад.

Дар ин муассисаи таълимӣ солҳои охир анъанаи ҷолибе ба роҳ монда шудааст: омода намудани хатмкунандагон барои ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтан. Ин ташаббус маҳз бо ибтикори Дилафрӯз Рӯзибоева роҳандозӣ гардида, ҳар сол чандин ҷавонро ба роҳи ҳимояи Ватан раҳнамун месозад.

Ба гуфтаи ин омӯзгор, роҳи асосии ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ маҷбуркунӣ нест, балки тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ мебошад.

«Барои он ки дар қалби ҷавонон меҳри Ватанро бедор кунӣ, пеш аз ҳама худат бояд ватандӯсти воқеӣ бошӣ. Хизмати содиқона ба давлат ҳам қарз асту ҳам фарз. Намунаи олии чунин ватандӯстӣ заҳмати шабонарӯзии Президенти мамлакат мебошад ва мо бояд ин арзишҳоро пайваста ба насли ҷавон талқин кунем», – мегӯяд ӯ.

Дилафрӯз Рӯзибоева солҳои зиёд дар соҳаи маориф фаъолият намуда, ҳамеша барои тарбияи ҷавонони донишманду ватандӯст саҳм гузоштааст. Ба гуфтаи ӯ, барои даъвати тирамоҳии имсол аллакай чор нафар хатмкунандаи мактаб ихтиёран худро барои хизмати ҳарбӣ омода кардаанд.

«Онҳо аз ташхиси тиббии Комиссариати ҳарбӣ гузаштаанд ва ҳоло интизори оғози маъракаи даъвати навбатӣ мебошанд», – мегӯяд омӯзгор.

Шоири маъруфи Истаравшан Раънои Зоирдухт, ки аз фаъолияти Дилафрӯз Рӯзибоева огоҳ аст, чунин гуфт:

«Дилафрӯз аз ҷумлаи занони фаъолу ташаббускор ва ватандӯст аст. Ӯ на танҳо дар соҳаи маориф, балки дар корҳои ҷамъиятӣ низ ҳамеша пешсаф мебошад. Солҳо раиси маҳаллаи Гулистон буд ва барои ободиву ҳамдигарфаҳмии мардум саҳми арзанда гузошт. Ҳамзамон ду фарзанди худро бо меҳнати ҳалол ба камол расонд: писараш хатмкардаи донишгоҳи Санкт-Петербург ва устоди варзиш аст, духтараш имрӯз донишҷӯ мебошад. Ба назари ман, ташаббуси ӯ дар самти омода намудани ҷавонон барои хизмати ҳарбӣ сазовори дастгирӣ ва пайравии омӯзгорони тамоми кишвар аст».

Дар ҳақиқат, тарбияи ватандӯстӣ танҳо бо дарсҳои назариявӣ маҳдуд намешавад. Вақте омӯзгор бо рафтор, масъулиятшиносӣ ва муҳаббати самимии худ ба Ватан барои шогирдон намуна мегардад, суханонаш низ таъсири бештар пайдо мекунанд.

Имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон ба ҷавонони солимфикр, донишманд ва масъулиятшинос ниёз дорад. Омода кардани чунин ҷавонон, пеш аз ҳама аз мактаб оғоз мешавад. Аз ин рӯ, ташаббуси омӯзгороне чун Дилафрӯз Рӯзибоева на танҳо як иқдоми шахсӣ, балки саҳми воқеӣ дар таҳкими неруи мудофиавии кишвар ва тарбияи шаҳрвандони ватандӯст ба ҳисоб меравад.

Абдумудассир АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *