Бақо Содиқов, коргардони маъруфи тоҷик дар Олмон даргузашт
Шаби 25 июли соли равон Бақо Содиқов, коргардон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи синамои тоҷик дар Олмон даргузашт. Дар ин бора Алӣ Чориев дар саҳифаи фейсбукии худ хабар додааст.
Бақо Содиқов 13 июли соли равон 85-сола мешуд. Ӯ 13 июли соли 1941 дар Бухоро ба дунё омада, аз зумраи ҳунармандоне буд, ки номи онҳо бо таърихи ташаккул ва рушди синамои тоҷик пайванд дорад.
Бақо Содиқов узви Иттифоқи синамогарони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ӯ соли 1988 ба унвони Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон сарфароз гардида, соли 1993 барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ шудааст.
Фаъолияти эҷодии Содиқов солҳои тӯлонӣ бо киностудияи «Тоҷикфилм» пайванд дошт. Ӯ аз соли 1967 то соли 1993 дар ин киностудия фаъолият карда, дар офаридани як силсила филмҳои ҳунарӣ ва мустанад саҳм гузошт. «Гирдбод», «Бухорои Шариф», «Ҷосус», «Ҷазира», «Адониси XIV», «Аввал будан мушкил аст» ва чандин асари дигари ӯ дар таърихи синамои тоҷик ҷойгоҳи хос доранд.
Бархе аз филмҳои Бақо Содиқов дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ ва умумииттифоқӣ қадрдонӣ шудаанд. Аз ҷумла, филми мустанади «Адониси XIV» аз асарҳои маъруфи ӯ ба шумор меравад, ки дар чандин ҷашнвораи хориҷӣ ҷоиза гирифтааст. Филми «Гирдбод» низ аз асарҳои шинохтаи ин коргардон дониста мешавад.
Бақо Содиқов на танҳо ҳамчун коргардон, балки ҳамчун шахсияти фарҳангие шинохта мешуд, ки миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон пайванди эҷодӣ ва маънавӣ дошт. Ӯ баъди солҳои фаъолияти худ дар Тоҷикистон дар Ӯзбекистон зиндагӣ ва эҷод мекард. Дар суҳбатҳои худ борҳо аз пайванди амиқаш бо Тоҷикистон, дӯстӣ бо аҳли адабу ҳунари тоҷик ва хотираҳои фаромӯшнашавандааш аз ин сарзамин ёд кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ