Рӯзи имтиҳонсупорӣ маълум шуд
Аз 1 то 10-уми июл дар Тоҷикистон даври асосии имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо баргузор мешаванд.
Дар ин рӯзҳо хатмкунандҳои синфи 11 ва 9-и мактаб, ки худро дар марҳилаи асосии сабтином дар Маркази миллии тестӣ (ММТ) номнавис кардаанд, барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ имтиҳон месупоранд.
Дар ин бора аз ММТ хабар дода, гуфтанд, ки имтиҳон дар 55 маркази имтиҳонӣ, ки дар мактабҳои 21 шаҳру ноҳияи кишвар ташкил шудаанд, сурат мегирад.
“Маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватномааш қайд карда мешавад. Ин маълумот барои довталабон дар кабинети инфиродияшон низ дастрас мешавад”,- гуфтанд аз ММТ.
Ин ниҳод ба довталабон тавсия додааст, пас аз дарёфти даъватномаашон аз сомонаи ММТ дар бораи нишонӣ ва маркази имтиҳоние, ки дар даъватномаашон зикр шудааст, огоҳ шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ