Худоӣ Шарифзода – адабиётшиноси шинохтаи тоҷик (видео)
Имрӯз Худоӣ Шарифзода, адабиётшиноси шинохтаи тоҷик зодрӯз дорад. Ӯ 25 июни соли 1937 ба дунё омадааст.
Худоӣ Шарифзода дар адабиётшиносӣ ва нақди адабии муосир аз ҷумлаи чеҳраҳои маъруфу мондагор ба шумор меравад. Ӯ бо пажуҳиши машҳураш бо номи “Шоҳнома ва шеъри замони Фирдавсӣ” дар ҳавзаи форсибазонон шуҳрати беандоза касб карда буд.
Китобҳои “Мақоми Ибни Сино дар шеъру адаби тоҷик” (ҳамроҳи Ш. Ҳусейнзода), “Каломи бадеъ”, “Ҳакими суханвар” (ҳамроҳи А. Маниёзов), “Рози ҷаҳон”, “Савти Аҷам”, “Балоғат ва суханварӣ”, “Назарияи наср” ва “Сездаҳ мақола” дар адабиётшиносии тоҷик асарҳои тозаву беназиранд.
Худоӣ Шарифзода қалами хешро дар эҷоди насри бадеӣ ҳам санҷидааст. Ба қалами ӯ як силсила ҳикояҳо тасниф шудаанд, ки қаблан дар рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” ва маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шуда, соли 2017 дар китоби “Ёддоштҳо ва ҳикояҳои воқеӣ” манзури доираи васеи хонандагон қарор дода шуд.
Худоӣ Шарифзода 29-уми октябри соли 2017 дар 80-солагӣ аз олам даргузашт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ