Формулаи наҷоти давлат. Ваҳдати миллӣ чӣ гуна Тоҷикистонро аз парокандагӣ раҳо кард?
Дар таърихи ҳар миллат саҳифаҳое ҳастанд, ки на танҳо як рӯйдоди сиёсӣ ё иҷтимоиро бозгӯ мекунанд, балки ҳамчун дарси бузурги давлатдорӣ, хирад, сабру таҳаммул ва масъулияти миллӣ барои наслҳои оянда боқӣ мемонанд. Барои миллати тоҷик чунин саҳифаи заррин, бешубҳа, рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Ин санади таърихӣ на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошт, балки роҳи эҳёи давлатдорӣ, сарҷамъии миллат, барқарории ниҳодҳои давлатӣ ва оғози марҳалаи нави созандагиро боз намуд. Аз ҳамин ҷост, ки таҷрибаи сулҳу ваҳдати тоҷикон имрӯз ҳамчун намунаи нодири ҳалли ихтилофоти дохилӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ мешавад.
Сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аз Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Маҳз дар ҳамон рӯзҳои ҳассос ва сарнавиштсоз заминаи сиёсиву ҳуқуқии эҳёи давлат ва барқарории сулҳ гузошта шуд. Дар он замон барои Тоҷикистон сангинтарин марҳалаҳои таърихи навин ба шумор мерафт. Бисёре аз рукнҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида, ниҳодҳои давлатӣ фаъолияти муназзами худро аз даст дода буданд. Кишвар дар гирдоби нооромӣ, мухолифатҳои мусаллаҳона, парокандагии сиёсӣ ва таҳдид қарор дошт. Дар чунин вазъият, интихоби роҳи сулҳ осон набуд. Аммо маҳз иродаи сиёсӣ, дурандешӣ ва масъулияти таърихии роҳбарияти нави кишвар имкон дод, ки Тоҷикистон аз вартаи фоҷиа наҷот ёбад.
Сулҳ танҳо як санад ё як созишномаи чандсаҳифагӣ нест. Сулҳ шохаи дарахти бузурги ваҳдат аст. Агар баъди сулҳ ваҳдати миллӣ таъмин нашавад, сулҳ метавонад танҳо дар рӯйи коғаз боқӣ монад. Аз ин рӯ, аҳамияти асосии таҷрибаи Тоҷикистон дар он аст, ки баъди имзои созишнома равандҳои воқеии ҳамдигарфаҳмӣ, бахшиш, бозгашти гурезаҳо, ҳамгироии собиқ размандагон, барқарории иқтисод ва иштироки васеи нерӯҳои гуногун дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ амалӣ гардиданд.
Даҳ омили асосии модели сулҳи тоҷикон дар ташаккули ваҳдати миллӣ нақши ҳалкунанда доштанд. Аз ҷумла, афв ва бахшиш, бозгашти фирориён, ҷуброни зарар, рушди иқтисод, таъмини заминаҳои ҳуқуқӣ, иштироки нерӯҳои гуногун дар идоракунии давлат, халъи силоҳ, ҳамгироии собиқ размандагон ба сохторҳои қудратӣ, кафолати амнияти шахсӣ ва молу мулк, иштироки баробар дар интихобот ва саҳмгузорӣ дар ободонӣ аз муҳимтарин фишангҳои таҳкими сулҳ дониста мешаванд.
Ин таҷриба танҳо барои Тоҷикистон аҳамият надорад. Имрӯз, ки ҷаҳон бо даҳҳо буҳрон, ҷанг ва ихтилофоти сиёсиву низомӣ рӯ ба рӯ аст, модели сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистон метавонад барои коҳиши хушунат ва ҳалли мухолифатҳо дар минтақаҳои дигар низ мавриди омӯзиш қарор гирад.
Яке аз нуктаҳои муҳим ин аст, ки сулҳу ваҳдат дастоварди тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон, ин раванд пешоҳанг ва меъмори мушаххаси худро дорад. Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаббус, роҳандозӣ ва татбиқи сиёсати сулҳсозӣ хеле муҳим аст. Маҳз аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳро ҳамчун ҳадафи асосӣ ва роҳи ягонаи наҷоти миллат эълон намуданд.
Дар ин замина, ҳанӯз соли 1993 масъалаи сулҳ ва ваҳдат аз ҷониби роҳбарияти кишвар ба таври ҷиддӣ матраҳ гардида буд. Ташкили гурӯҳҳои корӣ, ирсоли намояндагон ба минтақаҳои гуногуни кишвар ва кишварҳои ҳамсоя, суҳбат бо гурӯҳҳои мухталиф ва ҷустуҷӯи роҳҳои мусолиҳа аз ҷумлаи иқдомҳои муҳиме буданд, ки баъдан заминаи Комиссияи оштии миллӣ ва раванди музокиротро фароҳам оварданд.
Яке аз сабабҳои асосии ихтилофоти солҳои аввали истиқлол нобаробарии иқтисодӣ, тақсими ноодилонаи захираҳо ва мубориза барои қудрат буд. Пешвои миллат борҳо зикр кардаанд, ки давлатҳои абарқудрат Тоҷикистонро обод намекунанд, танҳо худи мардуми тоҷик бо сарҷамъӣ, меҳнат ва ваҳдат метавонанд кишварро ба роҳи рушд баранд.
Баъди ба имзо расидани созишномаи сулҳ тамоми бори асосии иҷрои он, аз ҷумла барқарории инфрасохтор, кумак ба фирориён, таъмини амният, ҳамгироии гурӯҳҳои мусаллаҳ ва эҳёи иқтисод асосан бар дӯши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афтод. Ин раванд хароҷот, захира, ирода ва масъулияти бузург талаб мекард.
Бо гузашти 29 сол аз истиқрори ваҳдати миллӣ зарур аст, ки таърихи сулҳ ва оштии миллӣ пайваста омӯзиш ва тарғиб гардад. Зеро бо гузашти вақт хотираҳо камранг мешаванд ва хатари таҳрифи таърих пайдо мегардад. Аз ин рӯ, таҷрибаи сулҳи тоҷикон бояд дар муассисаҳои таълимӣ, марказҳои илмӣ, бойгониҳо ва ҳамоишҳои доимӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад.
Дар ҳамин замина, барои омӯзиши таърихи ваҳдат ва сулҳи тоҷикон бояд бойгонии махсуси давлатӣ таъсис дода шавад. Ҳамчунин, хуб мебуд, агар дар мактабҳо “дарси ваҳдат” баргузор гардида, насли наврас аз таърихи воқеии сулҳ, мушкилоти давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва арзиши оромиву субот огоҳ карда шавад.
Ҳамчунин, пешниҳод менамоям, ки саҳми Пешвои миллат дар сулҳоварӣ, таҳкими амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ташаккули давлати муосири тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ бештар муаррифӣ гардад. Ин танҳо масъалаи як шахсият нест, балки муаррифии мақоми сиёсӣ, фарҳангӣ ва таърихии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон мебошад.
Имрӯз Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон танҳо як санаи тақвимӣ нест. Он рамзи наҷоти давлат, эҳёи миллат, барқарории сулҳу субот ва оғози марҳалаи созандагӣ мебошад. Ваҳдат имкон дод, ки гурезаҳо ба Ватан баргарданд, сохторҳои давлатӣ барқарор шаванд, иқтисод тадриҷан рушд кунад, роҳҳо, нерӯгоҳҳо, мактабҳо, беморхонаҳо ва дигар иншооти муҳим бунёд гарданд.
Дар маҷмуъ, сулҳу ваҳдат бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Ин дастовард бо талоши тамоми мардуми кишвар, бо хиради сиёсӣ, иродаи давлатдорӣ ва сиёсати сулҳҷӯёна ба даст омадааст. Ваҳдати миллӣ имрӯз пойдевори амният, субот, рушди иқтисодӣ ва ояндаи давлати Тоҷикистон мебошад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатро сарҷамъ карданд, захми ҷанги таҳмилиро дармон бахшид, давлатро аз хатари нобудӣ наҷот дод ва Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар дар ҷаҳон муаррифӣ намуд. Ин аст формулаи асосии Ваҳдати миллӣ.
Қозидавлат ҚОИМДОДОВ,
ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, дипломати собиқадор, иштирокчии марҳилаҳои оштии миллӣ, собиқ муовини Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ