КҲФ: Ҷасади ронандаи раиси ВМКБ низ ёфт шуд
Ҷасади Сино Муборакшоев, ронандаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ аз дарёи Панҷ пайдо гардид.
Тавре ки Ориф Нозимиён, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ташхиси судӣ шахсияти ҷасади рӯзи 25 июн ёфтшударо муайян кард, ки он ба Сино Муборакшоев тааллуқ дорад.
Қаблан, рӯзи 25 июн Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз пайдо шудани як ҷасад дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯӣ хабар дода буд, вале гуфта мешуд, ки барои муайян кардани шахсияташ ташхис идома дорад.
Ба гуфтаи сухангӯи Кумита, рӯзи 26 июн боз як ҷасади дигар низ аз дарёи Панҷ пайдо шудааст, аммо то ҳол шахсияташ муайян нашудааст.
Як манбаи огоҳ ба Pressa.tj гуфт, ки ҷасади нав ёфтшударо барои ташхис ба шаҳри Кӯлоб бурдаанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 17 июн мошини хидматии раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуд. Дар дохили мошин раиси вилоят, ҳамсараш Амина Амонуллоева, духтари дусолааш, ёвараш Садоншо Ҷанобалишо ва ронандааш Сино Муборакшоев қарор доштанд. Онҳо аз Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ ҳаракат мекарданд.
Ҷустуҷӯи ҷасади дигарон то ҳол идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ