Арзишҳои Ваҳдати миллӣ аз нигоҳи сокинони Муъминобод
Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон танҳо як санаи таърихӣ нест, балки рамзи сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, ободӣ ва рушди давлатдории миллӣ мебошад. Маҳз бо шарофати ин неъмати бузург ҷомеаи мо ба зиндагии осоишта, созандагӣ ва пешрафт рӯ овард. Имрӯз ҳифзу таҳкими Ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мо бо намояндагони соҳаҳои гуногун – ҳуқуқшиносон, кормандони мақомоти давлатӣ, омӯзгорон, варзишгарон, табибон ва фаъолони ҷомеа ҳамсуҳбат шудем ва аз онҳо пурсидем: “Арзишҳои Ваҳдати миллӣ аз назари Шумо кадомҳоянд ва онҳо дар ҳаёти ҷомеа чӣ нақш доранд?”

Набӣ НАБИЗОДА, прокурори ноҳияи Муъминобод, мушовири адлияи дараҷаи 1, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ:
– Аз нуқтаи назари ман, Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои миллати тоҷик ба шумор меравад. Он на танҳо рамзи сулҳу оромӣ, балки асоси рушди давлатдорӣ, пешрафти иқтисодӣ ва зиндагии осоиштаи шаҳрвандон мебошад. Имрӯз ҳар як фарди ватандӯст бояд арзишҳои Ваҳдати миллиро эҳтиром намояд ва барои ҳифзи онҳо саҳмгузор бошад.
Муҳимтарин арзишҳои Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама сулҳ ва субот мебошанд. Танҳо дар фазои орому осуда мардум метавонанд кору фаъолият намуда, фарзандонро тарбия кунанд ва барои ояндаи неки кишвар замина гузоранд. Таҷрибаи таърих нишон медиҳад, ки ҷангу низоъҳо рушди ҷомеаро бозмедоранд, дар ҳоле ки сулҳ имконияти пешрафт ва ободиро фароҳам меорад.
Арзиши дигари Ваҳдати миллӣ эҳтироми ҳамдигар ва таҳаммулпазирӣ аст. Дар ҷомеаи мо намояндагони минтақаҳо, миллатҳо ва ақидаҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Ваҳдат аз ҳар як шаҳрванд талаб мекунад, ки нисбат ба дигарон эҳтиром дошта бошад, фарҳанги муоширатро риоя намояд ва барои ҳамдигарфаҳмӣ талош кунад.
Ватандӯстӣ низ яке аз арзишҳои муҳими Ваҳдати миллӣ мебошад. Муҳаббат ба Ватан, ифтихор аз таърих, фарҳанг ва дастовардҳои миллӣ шаҳрвандонро муттаҳид месозад. Вақте мардум манфиатҳои давлат ва миллатро аз манфиатҳои шахсӣ болотар мегузоранд, ҷомеа устувор ва пешрафта мегардад.
Ҳамчунин, ҳамдигарёрию ҳамбастагӣ аз арзишҳои асосии ваҳдат ба ҳисоб меравад. Дар лаҳзаҳои душвор мардум бо дастгирии якдигар метавонанд мушкилотро паси сар кунанд. Ин эҳсоси ягонагӣ ва масъулияти муштарак ҷомеаро қавитар месозад.
Хулоса, Ваҳдати миллӣ сарвати бебаҳои халқи тоҷик аст. Сулҳу субот, эҳтироми ҳамдигар, ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамбастагӣ аз ҷумлаи арзишҳои муҳимтарини он мебошанд. Ҳифз ва таҳкими ин арзишҳо вазифаи ҳар як шаҳрванд аст, зеро ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз ваҳдату ягонагии миллати мо вобаста мебошад.

Зафар САИДШОЗОДА, раиси суди ноҳияи Муъминобод:
– Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои бунёдӣ ва дастоварди муҳими давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор меравад. Пас аз рӯйдодҳои солҳои 1992–1997 ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, дар кишвар сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ барқарор гардида, заминаи рушди давлат ва ҷомеа фароҳам шуд.
Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, Ваҳдати миллӣ ба принсипҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон такя мекунад. Конститутсия баробарҳуқуқии шаҳрвандонро новобаста аз миллат, нажод, забон, дин ва мавқеи иҷтимоӣ кафолат дода, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳифз менамояд. Ин меъёрҳо барои таъмини ҳамзистии осоишта ва таҳкими Ваҳдати миллӣ аҳамияти калидӣ доранд.
Мақомоти судӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ нақши муҳим мебозанд. Суд ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти давлатӣ адолати судиро амалӣ намуда, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳимоя мекунад. Ҳангоми баррасии парвандаҳо судҳо ба принсипҳои қонуният, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, мустақилияти судяҳо ва адолатнокии муҳокима такя менамоянд.
Яке аз вазифаҳои муҳими суд пешгирии ҳар гуна амалҳое мебошад, ки метавонанд ба низоъҳои иҷтимоӣ, миллӣ ё динӣ оварда расонанд. Татбиқи дурусти қонунҳо ва қабули қарорҳои одилона ба баланд гардидани эътимоди шаҳрвандон ба давлат ва қонун мусоидат намуда, заминаи таҳкими Ваҳдати миллиро фароҳам меорад.
Дар маҷмуъ, Ваҳдати миллӣ на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки арзиши муҳими ҳуқуқӣ низ мебошад. Нақши мақомоти судӣ дар таҳкими ин арзиш аз таъмини адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва татбиқи бечунучарои қонун иборат аст. Танҳо дар шароити эҳтироми қонун ва адолат метавон Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди устувори ҷомеаро таъмин намуд.
Абдулмуъмин МИРЗОЗОДА, муовини аввали сардори ШВКД дар ноҳияи Муъминобод, майори милитсия:
– Ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мояи ифтихор ва қаноатмандист. Маҳз бо шарофати сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷомеаи мо имрӯз дар роҳи рушд ва пешрафт қарор дорад. Оромии кишвар, зиндагии осоиштаи мардум ва имкониятҳои фароҳамшуда барои таҳсилу меҳнат аз дастовардҳои муҳими Ваҳдати миллӣ мебошанд.
Қаноатмандӣ аз Ваҳдати миллӣ дар он зоҳир мегардад, ки мардум дар фазои дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар зиндагӣ мекунанд. Вақте дар ҷомеа ягонагӣ ҳукмфармо бошад, ҳар шахс худро узви арзишманди миллат эҳсос мекунад ва барои ободии Ватан саҳм мегузорад.
Мо бояд ин неъмати бузургро қадр намоем, зеро Ваҳдат асоси пешрафти давлат ва хушбахтии мардум аст. Ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Танҳо бо Ваҳдат метавонем ояндаи дурахшон ва зиндагии шоистаеро барои наслҳои оянда таъмин намоем.
Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Он барои таъмини сулҳу субот, пешрафти иқтисодӣ, рушди фарҳанг ва таҳкими давлатдории миллӣ нақши муҳим дорад. Пас аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, мардуми Тоҷикистон бо талошҳои муштарак ба сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ расиданд. Имрӯз Ваҳдати миллӣ ҳамчун сарвати бебаҳои миллат эътироф гардидааст.
Ваҳдати миллӣ маънои ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии тамоми қишрҳои ҷомеаро дорад. Он заминаи асосии зиндагии осоишта ва рушди устувори давлат мебошад. Дар шароити Ваҳдат шаҳрвандон, новобаста аз миллат, забон ва эътиқод, барои манфиатҳои умумии ҷомеа ва давлат фаъолият менамоянд.
Вазифаи мо ҳамчун хизматчии давлатӣ пеш аз ҳама эҳтиром гузоштан ба якдигар, риоя намудани қонунҳо ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Мо бояд аз ҳар гуна ихтилофу низоъҳо дурӣ ҷӯем, ба фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ арҷ гузорем ва барои ободии Ватан содиқона меҳнат намоем.

Намоён ИМОМОВА, директори муассисаи таълимии №7, ҷамоати деҳоти Тутиён:
– Боиси ифтихор ва шарафмандии мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки дар паҳлуи якдигар истода, бо кумаку дастгириҳои ҳамдигар Ваҳдати миллиро ба даст оварданд. Ваҳдати миллӣ танҳо сулҳ баъди ҷанг нест. Ин пояи рушд, амният ва ояндаи ҳар як давлат аст.
Ваҳдат ба мо оромиро овард. Имрӯз кӯдакон овози тирро ношунида, овози занги мактаб мешунаванд. Тақдири Ватан дар дасти ҳамаи мост. Ваҳдат яъне ман барои ту, ту барои ман.
Ваҳдат дар амал чӣ маъно дорад?
Дар оила: вақте домоди суғдӣ ва арӯси бадахшӣ дар як хона бо эҳтироми фарҳанги ҳамдигар зиндагӣ мекунанд.
Дар кор: вақте роҳбар дар корхона пеш аз ҳама ба малака менигарад, на ба шеваи гап задани коргар.
Дар сиёсат: вақте ҳизби ҳоким ва мухолиф дар масъалаи амнияти миллӣ якзабон мешаванд.
Дар муҳоҷират: вақте тоҷикон дар хориҷ, новобаста аз зодгоҳу мақом, дар рӯзи сахт ба ҳамдигар ёрӣ мерасонанд.
Ҳаминро қайд кардан мехоҳам, ки Ваҳдати миллӣ осорхона нест, ки як бор онро сохтаву оро диҳему дари онро баста кунем. Ин боғест, ки агар онро ҳар рӯз об надиҳӣ, алафи бегона – нафрату беадолатӣ онро мехӯрад.

Маъруф АЗИМОВ, директори муассисаи давлатии мактаби варзиши ноҳия:
– Чи қадаре ки дар солҳои Ваҳдати миллӣ ба варзиш ва беҳдошти саломатии аҳолӣ диққат дода шуду имрӯз ҳам идома дорад, дар 40–45 соли пеш ин гуна набуд. Охир Муъминободе, ки варзишгоҳ он тараф истад, ҳатто майдончаи варзишии оддӣ надошт, имрӯз соҳиби варзишгоҳи 7 ҳазор ҷойи нишаст, 8 майдони варзишии замонавӣ, 18 толори варзишӣ ва майдончаҳои варзишӣ мебошад.
Пештар наврасону ҷавонон аз ҳудуди мусобиқаҳои ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ берун намебаромаданд. Ҳоло онҳо ширкаткунандагону ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ гаштаанд.
Имрӯз беш аз 250 нафар дастпарварони мо соҳиби унвонҳои устод ва номзадҳои варзишанд. Қариб 1000 нафар разряддор дорем. 100 нафар шоистаи қаҳрамонии варзиши Тоҷикистон шудаанд. Ин ҳама самараи сулҳу субот, оромӣ ва имкониятҳое мебошад, ки Ваҳдати миллӣ ба ҷомеа фароҳам овардааст.

Фарзона ШАРИФОВА, директори осорхонаи ноҳия:
– Ваҳдат ҳастии миллат мебошад. Бинои Ваҳдатро пойдор нигоҳ доштан лозим аст. Барои ин, шахсиятҳое чун фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон намунаи ибрат мебошанд.
Хизмати таърихӣ ва бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш сохт ва фарҳанги сулҳофаринро пеша кард. Бо як эҳсоси гарми ватандорӣ андешаи тақдири ояндаи миллат ва бақои давлатро ба миён гузошт ва ба музокироти сулҳ ташаббус нишон дод.
Бо саъю кӯшишҳои шабонарӯзии Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тамоми мамлакатҳо Тоҷикистонро шинохтанд. Имрӯз аз тинҷии мамлакатамон шукрона карда, умр ба сар мебарем.
Мошариф АШРАФОВА, момодояи бунгоҳи тиббии деҳаи Дашти Ар-ари ҷамоати деҳоти Чилдухтарон:
— Аз баҳамоии миллати тоҷик, оромию сулҳу Ваҳдат 29 сол сипарӣ шуд. Ҳамин қадар сол, бо иловаи 11 соли дигар, ман дар ҳифзи сиҳатии мардуми 10 деҳаи мавзеи Чилдухтарон қарор дорам.
Арзишмандтарин дастоварди Ваҳдати миллӣ, ба фикри ман, боло бурдани хизматрасонии тиббии аҳолии кишвар аст. Рӯзе нест, ки дар ин ё он гӯшаи Ватани зебоямон бинои бунгоҳ, маркази саломатӣ, беморхона ё клиника бунёд нагардад.
Аз он ифтихор мекунам, ки имрӯз мо табибони сатҳи ҷаҳонӣ дорем, ба мисли Убайдуллои Қурбон ва Мирзошариф Одинаев. Ҳоло тамоми намудҳои ҷарроҳӣ ва табобат дар дохили мамлакат ба роҳ монда шудааст. Аз ҳама муҳимаш, Тоҷикистон имрӯз дар Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати ҳисоби миёнаи дарозумрӣ дар ҷойи аввал қарор дорад.
Мавзунаи БОЗОРАЛӢ, муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таълимии №39, ҷамоати деҳоти Балхобӣ:
— Сулҳу Ваҳдат ибораҳое ҳастанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо оҳанги шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва мо, фарзандони миллат, вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Ваҳдат, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ даст надодааст. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам шахсон ва гурӯҳҳои алоҳида мавҷуд ҳастанд, ки мехоҳанд Ваҳдату суботи давлати соҳибистиқлоли моро бо ҳар роҳу восита халалдор намоянд.
Мо, тоҷикони боору номус, бояд кӯшиш намоем, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллии кишвари биҳиштосоямонро ҳимоя намуда, ҳеҷ гоҳ нагузорем, ки нохалафе онро поймол намояд.

Майрамбӣ ДАВЛАТОВА, коргузори корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии амволи ғайриманқул:
– Ваҳдати миллӣ пояи асосии сулҳ ва пешрафти Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Он бо арзишҳои муҳиме ба мисли сулҳу субот, якпорчагии Ватан, Ваҳдати сиёсӣ, фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ муайян карда мешавад.
Арзишҳои Ваҳдати миллии тоҷикон пойдевори рушди ҷомеаи муосир буда, дар таҳкими давлатдорӣ нақши муҳим доранд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун роҳбари хирадманд, соҳибтаҷриба ва таҳлилгари воқеъбину дурандеш ҷавҳари ҳикмати ниёгонро ба хубӣ эҳсос карда, барои таҳким бахшидани худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, дар шароити кунунӣ, дар назарияи Ваҳдати миллӣ ба тафакури навини миллӣ асос гузоштанд. Дар ҷавҳари он эҳсоси амиқи ҳамбастагӣ ва муттаҳидии миллат ва расидан ба саодати зиндагӣ қарор гирифта, дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба ҳадафҳои меҳварии сиёсати Пешвои миллат табдил ёфт.
Маҳз ба ҳамин хотир, масъалаи Ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати баланд дорад.
Мусоҳиб:
Нурулло Ҳасанов,
рӯзноманигор, ноҳияи Муъминобод
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ