Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бо заҳмати ҳалол барои таъмини рӯзгори худ ва оилаҳояшон фаъолият мекунанд, намояндагони зиёде аз миллати тоҷик низ ҳастанд, ки дар соҳаҳои соҳибкорӣ, илм, фарҳанг, варзиш, идоракунии давлатӣ ва фаъолияти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд.

Дар даҳсолаҳои охир ҷомеаи тоҷикони муқими Русия ба як нерӯи муҳими иҷтимоӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст. Бисёре аз намояндагони он на танҳо дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии Русия мақоми шоиста касб намудаанд, балки ҳамчун пайвандгари дӯстӣ ва ҳамкории байни ду кишвари ҳампаймон хизмат мекунанд. Маҳз тавассути фаъолияти чунин шахсиятҳо имкониятҳои нав барои рушди робитаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона фароҳам мегарданд.

Чанде пеш нашрияи русии «Завтра» бо такя ба пажӯҳиши яке аз марказҳои таҳлилӣ рӯйхати шахсиятҳои тоҷиктабореро пешниҳод намуд, ки ба андешаи муаллифон, дар фазои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятии Русия нуфуз ва таъсири назаррас доранд. Албатта, ҳар гуна рейтинг ё рӯйхат хусусияти таҳлилӣ дошта, метавонад мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирад. Аммо худи кӯшиши муаррифии тоҷиконе, ки дар кишвари дигар ба муваффақият расидаанд, ҷолиби таваҷҷуҳ мебошад.

Ҳадафи мо аз бознашри ин рӯйхат на баҳогузорӣ ба дараҷаи нуфузи шахсони алоҳида, балки муаррифии чеҳраҳое мебошад, ки бо дониш, истеъдод, фаъолияти касбӣ, ташаббусҳои иқтисодӣ ва ҷамъиятии худ дар ҷомеаи Русия мавқеи муайян пайдо кардаанд. Сарнавишти ҳар яке аз онҳо намунаест аз имкониятҳое, ки меҳнат, дониш ва масъулиятшиносӣ барои инсон фароҳам меоранд.

Имрӯз, дар шароите ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати фаъолонаи ҳамкорӣ бо кишварҳои шарик, аз ҷумла Федератсияи Русияро пеш мебарад, ҳар як шахсияти муваффақ метавонад ҳамчун василаи таҳкими робитаҳои дӯстона, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда байни мардумони ду давлат арзёбӣ гардад.

Рӯйхати зер маҳз аз дидгоҳи шиносоӣ бо чеҳраҳои маъруф ва муваффақи тоҷиктабор, ки фаъолияти онҳо ба гунае бо ҷомеаи Русия пайванд дошта, дар арсаҳои гуногун нақши худро гузоштаанд, пешниҳод мешавад.

1. Раҳим Азимов – ягона тоҷик дар Думаи давлатии Русия

Раҳим Азимови 61-сола яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии тоҷиктабор дар Федератсияи Русия ба шумор меравад. Ӯ айни замон вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия ва муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва муқовимат бо коррупсия мебошад.

Раҳим Азимов дар Шӯроби шаҳри Исфараи вилояти Суғд ба дунё омадааст. Донишкадаи кӯҳкории Ленинградро хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун муҳандис дар кони шаҳри Воркутаи Ҷумҳурии Коми оғоз кардааст.

Аз солҳои аввали баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ дар сохторҳои иқтисодӣ ва давлатии Ҷумҳурии Коми фаъолият намуда, баъдан вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаро дар мақомоти давлатӣ ва ширкатҳои бузурги Русия ба уҳда дошт. Ӯ инчунин дар Хадамоти федералии назорати гардиши маводи мухаддир ва як қатор корпоратсияҳои бузурги давлатӣ ва хусусӣ фаъолият кардааст.

Соли 2002 намояндаи Ҷумҳурии Коми дар Шӯрои Федератсия гардид. Аз соли 2016 вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия мебошад. Дар фаъолияти парлумонии худ ба масъалаҳои амният, рушди иҷтимоӣ, сиёсати минтақавӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Раҳим Азимов дорои унвони доктори илмҳои техникӣ буда, дар баробари фаъолияти сиёсӣ ва давлатӣ ба корҳои ҷамъиятӣ ва хайриявӣ низ машғул аст. Бо ташаббуси ӯ дар вилояти Киров чандин лоиҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ ва дастгирии собиқадорон амалӣ шудаанд.

Ӯ бо як қатор мукофотҳои давлатии Русия ва кишварҳои дигар, аз ҷумла ордени Александр Невский, медали ордени «Барои хизматҳо дар назди Ватан» ва ордени «Дӯстлик»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфароз гардидааст.

Тибқи маълумоти дастрас, Раҳим Азимов ягона зодаи Тоҷикистон аст, ки имрӯз дар ҳайати амалкунандаи парламенти Федератсияи Русия фаъолият мекунад ва дар доираҳои сиёсӣ ва давлатии ин кишвар аз нуфузи назаррас бархӯрдор мебошад.

(Идома дорад)

Таҳия, тарҷума ва такмили Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *