Дар Кӯлоб корҳои барқарорсозии манзилҳои аз офат зарардида идома доранд
Дар шаҳри Кӯлоб корҳои барқарорсозӣ ва сохтмонӣ дар маҳаллаҳои аз офати табиӣ зарардида идома доранд.
Тавре аз дафтари матбуотии шаҳри Кӯлоб ба Pressa.tj хабар доданд, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ барои оилаҳои зарардида боздид намуда, ба масъулон дастур додааст, ки хонаҳо бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи муосири сохтмонӣ бунёд карда шаванд.

Раиси вилоят ҳамчунин аз рафти мумфаршкунии шаш километр роҳи мошингард дидан намуда, ба суръатбахшии корҳои ободониву созандагӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.
«Барқарорсозии манзилҳои осебдида бояд дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом дода шавад, то шаҳрвандон ҳарчи зудтар соҳиби манзили муносиб гарданд», — таъкид кардааст Давлаталӣ Саид.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани кумак ба оилаҳои зарардида ва бартараф намудани паёмадҳои офат тадбирҳои фаврӣ роҳандозӣ намудааст.
Айни замон дар маҳаллаҳои осебдида корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисон ва сохтмончиёни маҳаллӣ дар аксари нуқтаҳо шабонарӯзӣ идома дошта, барои ҳарчи зудтар ба истифода додани манзилҳои нав тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ