Арҷгузорӣ ба хотираи абармардони миллат (видео)
Субҳи 5 июн аҳли зиёи вилояти Суғд таҳти роҳбарии раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода дар оромгоҳи “Лучоб”-и шаҳри Душанбе хотираи Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва чеҳраи маъруфи миллат Нисор Муҳаммадро гиромӣ доштанд.
Иштирокдорон ба хотири гиромидошти хизматҳои бузурги Қаҳрамонони Тоҷикистон – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур ва чеҳраи маъруфи сиёсиву фарҳангии миллат Нисор Муҳаммад дар назди оромгоҳҳои онҳо гулчанбар гузоштанд.
Бо қироати дуои хайр хотираи неки фарзандони содиқи Ватанро пос доштанд.


Ин иқдом нишони эҳтиром ба шахсиятҳое мебошад, ки дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, рушди забону фарҳанги тоҷикӣ ва бедории худшиносии миллӣ хизматҳои мондагор анҷом додаанд.
Таъкид гардид, ки омӯзиш ва муаррифии мероси гаронбаҳои чунин абармардон, бахусус дар шароити ҷаҳонишавӣ, барои таҳкими ҳувияти миллӣ ва боло бурдани маърифати ҷомеа аҳамияти бузург дорад.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки фарзандони фарзонаи миллат аз хориҷи кишвар ба Ватан оварда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ