Ҷанозае, ки баъди 90 сол хонда шуд

19-уми майи соли равон муште аз хоки қаҳрамонони Тоҷикистон – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва сиёсатмадор Нисор Муҳаммад ба Ватан оварда шуд.  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зарфҳоеро, ки хоки турбати ин се чеҳраи таъсиргузори таърихи муосири Тоҷикистон дар онҳо буд, дар фурудгоҳи Душанбе қабул кард ва ба онҳо адои эҳтиром намуд.

Пораи хоке, ки рамзи эҳтиром дорад

Нахуст, рӯзи 18-уми май дар шаҳри Маскав вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мулоқот намуданд. Ҷонибҳо дар баробари баррасии масоили ҳамкории ду кишвар иштирок дар маросими қабули капсулаҳои хок аз маҳали дафни Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммадро баррасӣ карданд.

Тавре таъкид мешавад, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи давлатдории тоҷикон ба шумор мераванд. Онҳо соли 1937 дар давраи таъқибҳои сиёсӣ ва репрессияҳои сталинӣ бо иттиҳомҳои сохта ҳамчун “душмани халқ” боздошт ва дар канори шаҳри Маскав ба қатл расонида шудаанд. Ҷасадҳои онҳо дар қабрҳои дастаҷамъии оромгоҳи Донскойи Маскав ба хок супурда шудаанд. Аммо пас аз марги Сталин, дар солҳои 1950-ум ҳар се расман бегуноҳ эътироф карда шуданд.

Нусратулло Махсум кист?

Нусратулло Махсум нахустин раҳбари давлати Тоҷикистон ва яке аз асосгузорони давлатдории муосири тоҷикон ба шумор меравад. Ӯ соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии Қаротегин, ҳудуди Аморати Бухоро таваллуд шудааст.

Нусратулло Махсум дар солҳои ҷавонӣ дар шаҳрҳои Қуқанду Фарғона кор карда, дар ҳаракатҳои коргарӣ ва инқилобии солҳои 1905-1907 иштирок намудааст. Баъди Инқилоби Бухоро соли 1920 ба сафи муборизони ҳокимияти Шуравӣ пайваста, дар мубориза зидди босмачигарӣ дар Ғарм ва Душанбе саҳм гузошт.

Соли 1926 раиси Комитети Иҷроияи Марказии ҶМШС Тоҷикистон интихоб шуд ва баъди таъсиси ҶШС Тоҷикистон аз соли 1929 то соли 1933 раҳбари олии ҷумҳурӣ буд. Ӯ дар ташаккули Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ нақши муҳим бозидааст.

Фарзандони Нусратулло Махсум Хайринисо, Файзиниссо, Мунавваршо, Анваршо, Хосиятмоҳ, Акбаршо мебошанд.

Соли 1937 Нусратулло Махсум бо иттиҳомҳои сохтаи “миллатгароӣ” ва “фаъолияти зиддиинқилобӣ” боздошт ва дар шаҳри Маскав ба қатл маҳкум шуд.

Дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Нусратулло Махсум дар таърихи кишвар аз нав арзёбӣ гардида, ба ӯ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд, номи ӯ ба муассисаҳо ва кӯчаҳо гузошта шуда, дар таърихнигории миллӣ ҳамчун яке аз бунёдгузорони давлатдории тоҷикон эътироф гардид.

Шириншоҳ Шоҳтемур кист?

Шириншоҳ Шоҳтемур яке аз сиёсатмадорони маъруфи тоҷик ва аз асосгузорони Тоҷикистони Шуравӣ ба шумор меравад. Ӯ 1-уми декабри соли 1899 дар деҳаи Поршиневи Вилояти Мухтори Кӯҳистони   Бадахшон таваллуд шудааст. Ҳангоми 8-9-сола буданаш падару модараш вафот мекунанд. Аз сабаби камбизоатӣ ӯ маҷбур мешавад, ки дар овони наврасӣ дар гурӯҳи марзбонии русҳо чун коргари одӣ ба кор дарояд. Ҳамзамон дар интернат таҳсил карда, забони русиро хуб меомӯзад.

Аз соли 1914 ба баъд Шириншо Шоҳтемур барои кору таҳсили илм тарки зодгоҳ намуда, ҷаҳонбинии худро васеъ менамояд.

Аз соли 1921 ба корҳои ҳизбию давлатии шуравӣ ҷалб шуда, дар барқарор намудани ҳокимияти нав дар минтақаҳои гуногуни Осиёи Марказӣ фаъолона иштирок мекунад.

Пас аз таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур узви Кумитаи инқилобии Тоҷикистон таъйин гардида, ба Душанбе ба кор фиристода шуд ва дар ташкил кардани мақомоти ҳизбию ҳукуматии ҷумҳурии навтаъсис саҳми арзанда гузошт.

Шириншоҳ Шоҳтемур яке аз он шахсоне буд, ки барои таъмини ҳуқуқи тоҷикон фаъолона мубориза бурд ва намунаи барҷастаи ин гузориши ӯ ба номи Иосиф Сталин дар бораи вазъияти фарҳангӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии тоҷикон дар Осиёи Марказӣ аз моҳи июни соли 1926 мебошад.

Охири соли 1933 раиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон интихоб гардид.

Ширинншоҳ Шоҳтемур дар муттаҳидсозии сарзаминҳои тоҷикнишин, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва рушди матбуоту маорифи тоҷик нақши муҳим бозидааст. Бо ташаббуси ӯ соли 1924 нахустин рӯзномаи тоҷикӣ дар Туркистон – «Овози тоҷик» дар шаҳри Самарқанд ба нашр расид. Ин рӯзнома барои дифои забони тоҷикӣ ва бедории миллӣ хизматҳои калон анҷом дод. Ҳамчунин, ӯ дар нашри аввалин китобҳои дарсӣ ва ба роҳ мондани таълим ба забони тоҷикӣ саҳми назаррас гузоштааст. Дар солҳои 20-уми асри гузашта дар сохторҳои давлатии ҶМШС Туркистон фаъолият карда, узви Кумитаи инқилобии тоҷик низ буд.
Дар авҷи маъракаи таъқиботи сталинӣ 9-уми июли соли 1937 дар Москва ба ҳабс гирифта шуда, 21-уми октябри ҳамон сол дар асоси парвандаи ҷиноятии сохта бо гуноҳи иштирок дар ташкилоти миллатгароии зиддишуравӣ ҳукми қатл гирифт.

Соли 1956 Коллегияи ҳарбии Суди Олии Иттиҳоди Шуравӣ ҳукми соли 1937 баровардаро нисбат ба Шириншоҳ Шоҳтемур бекор намуда, парвандаро барои надоштани унсурҳои ҷиноятӣ қатъ намуд.

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои Шириншоҳ Шоҳтемур дар таърихи кишвар қадрдонӣ ва ба ӯ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд ва номи ӯ ба кӯчаҳо, муассисаҳо ва ёдгориҳо гузошта шуд.

Нисор Муҳаммад кист?

Нисор Муҳаммад яке аз нахустин маорифпарварон ва поягузорони соҳаи маорифи Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ соли 1897 дар вилояти Пешовари Покистони имрӯза ба дунё омада, аз овони ҷавонӣ дар ҳаракатҳои озодихоҳии Ҳиндустон ва Афғонистон фаъолона иштирок кардааст.

Соли 1920 ба шаҳри Тошканд омада, ба кори таълиму тарбия машғул шудааст.

Нисор Муҳаммад ҳамчун аввалин вазири маорифи Тоҷикистон дар таъсиси мактабҳои тоҷикӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ ва омода кардани омӯзгорони маҳаллӣ саҳми назаррас гузошт. Ӯ ҳамчунин аввалин ректори Дорулмуаллимини тоҷик дар Тошканд буд.

Дар солҳои тақсимоти миллию марзии Осиёи Миёна Нисор Муҳаммад дар баробари Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур барои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳувияти миллии тоҷикон мубориза бурдааст.

Ӯ муаллифи чандин китобу мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла «Алифбо», «Роҳнамои ҳисоб» ва «Тоҷикон дар роҳи ҳақиқат» мебошад.

Соли 1937 Нисор Муҳаммад бо иттиҳомҳои сохта боздошт ва тирборон карда шуд. Имрӯз номи ӯ ҳамчун рамзи маърифат, давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ бо эҳтиром ёд мешавад.

Ҷаноза баъди 90 сол

Мушти хок аз турбати Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад рӯзи 19-уми май аз Фурудгоҳи Душанбе нахуст ба масҷиди Имом Абӯ Ҳанифаи шаҳри Душанбе интиқол дода шуд. Дар ин ҷо барои ҳар се қаҳрамон намози ҷаноза хонда шуд. Муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар намози ҷаноза гуфт, ки “нахуст, ин се нафар шаҳид ҳастанд”. “Баъдан, дар соли 1937 вақте инҳо кушта шуданд, бе намози ҷаноза дафн шуда буданд”,- гуфт номбурда. Ҳамин тавр, пас аз қариб 90 соли даргузашт ҷанозаи ин се бузургмард хонда шуд. Пасон дар оромгоҳи “Лучоб” маросими дафни рамзии ин чеҳраҳои маъруфи таърихи Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ҳукумат, аҳли зиёи кишвар ва пайвандони онҳо баргузор шуд.

Гулчеҳра Нусратуллоева набераи бузурги Нусратулло Махсум аст. Ӯ зимни суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки фазои маросим ӯро сахт эҳсосотӣ кард. “Хаёл кардам, ки бобоям нав аз дунё гузаштаасту имрӯз маросими ҷаноза ва дафни ӯ баргузор мешавад”,- гуфт ӯ.

Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *