Абдуҳамид Ҷалилов – поягузори суғдшиносии тоҷик (видео)
Имрӯз, 25 май аз зодрӯзи яке аз чеҳраҳои шинохтаи илми тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор Абдуҳамид Ҷалилов 100 сол пур мешавад.
Профессор Абдуҳамид Ҷалилов аз ҷумлаи донишмандоне маҳсуб меёбад, ки фаъолияти илмӣ ва мероси арзишмандашон дар саҳифаҳои таърихи миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Ӯ беш аз 60 соли умри пурбаракати худро ба омӯзиш ва таҳқиқи таъриху тамаддуни тоҷикон бахшидааст.
Таҳсили миёна ва олии ӯ ба солҳои душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва давраи баъдиҷангӣ рост омад. Бо вуҷуди мушкилоти замон, Абдуҳамид Ҷалилов ҳамаи ин монеаҳоро бо матонат паси сар намуда, соли 1948 донишгоҳро бо баҳои аъло хатм кард.
Дар доираҳои илмӣ профессор Абдуҳамид Ҷалиловро бештар ҳамчун “суғдшинос”-и асил мешиносанд. Ӯ яке аз поягузорони мактаби илмии суғдшиносӣ ва тахористоншиносӣ буда, ҳамчун муҳаққиқи барҷастаи таърихи асрҳои миёна эътироф шудааст. Аз ӯ қариб 300 асару пажӯҳиши илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ба ёдгор мондааст.
Профессор Абдуҳамид Ҷалилов ҳамчунин бо унвонҳои фахрии “Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон”, “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон” ва “Аълочии таҳсилоти ИҶШС” сарфароз гардида, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Русия ва узви вобастаи шуъбаи Тоҷикистонии Академияи байналмилалии илмҳои мактабҳои олӣ буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ