Абрешими дӯстӣ. Пули адабӣ байни Чину Тоҷикистон

Чанд рӯз қабл (11-14-уми май) сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии мардумии Чин дар сатҳи баланд сурат гирифт. Расонаҳои ҷаҳон аз шарокати стратегии Чину Тоҷикистон менавиштанд ва вохӯриҳову мулоқоти сатҳи баландро инъикос мекарданд. Басо рамзист, ки дар ҳамин шабу рӯз дар Душанбе ду китоби шеър ба чоп рафт, ки дар ҳалқаи пайванди ду кишвари ҳамсоя, ки ба марҳилаҳои нави ҳамкорӣ гом мебардоранд, назир надоранд. Ин китобҳо, ки яке “Абрешими дӯстӣ” ном дораду дигаре “Сию панҷ барги дарахти дӯстӣ” тарҷумаи ашъори шоирони чинӣ ба забони тоҷикӣ ва шоирони тоҷик ба забони чинӣ буда, маҳсули заҳмати шоир ва тарҷумон Иброҳимҷон Дӯстализода мебошад.

Тарҷумон ва мураттиби китоби «Сию панҷ барги дарахти дӯстӣ» Иброҳимҷон Дӯстализода бо гирдоварӣ ва тарҷумаи намунаҳое аз ашъори шоирони бузурги Чин кӯшидааст, то хонандаи тоҷикро бо ҷаҳонбинӣ ва афкори адабии халқи Чин ошно созад.
Худи тарҷумон дар сарсухани китоб таъкид мекунад, ки дар рафти ҳамкорӣ бо ширкатҳо ва мардуми Чин ба хулосае омадааст, ки адабиёт ва фарҳанг арзишҳои муштараки башарӣ доранд. Ӯ менависад, ки чиниҳо низ мисли тоҷикон «бо адабиёт нафас мекашанд» ва махсусан ба шеър муҳаббати вижа доранд.
Яке аз муҳимтарин вижагиҳои маҷмуа гуногунрангии шоирон ва сабкҳои шеъри онҳост. Дар китоб ҳам шоирони классикии давраи Тан, аз ҷумла Ли Бай, Ду Фу ва Ван Вэй ҷой гирифтаанд, ҳам намояндагони шеъри муосири Чин. Масалан, тарҷумаи шеъри маъруфи Ли Бай (701-762) «Суруди боди тирамоҳ» бо оҳанги нарму мусиқии тоҷикӣ хонандаро ба фазои ҳузнангези тирамоҳ мебарад:

Кай муяссарам гардад лаҳзаҳои дидорат,
Имшабу ҳама лаҳза сахт бошадам зистан…


Дар тарҷумаи ашъори Ду Фу (712-770) низ ҳамин ҳассосияти шоирона эҳсос мешавад. Тасвирҳои табиат, танҳоӣ ва ғуруби рӯз бо забони сода, вале таъсирбахш ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд:

Тирамаҳ пок аст, рӯшан чашмҳои мост,
Сояҳо аз дур боло мераванд…


Муҳимтар аз ҳама, тарҷумон кӯшидааст танҳо маънои луғавиро на, балки рӯҳу фазои шеърро низ интиқол диҳад. Дар баъзе мавридҳо ӯ вазну қофияро нигоҳ доштааст ва дар ҷойҳои дигар, барои ҳифзи мазмун, ба шеъри озоду сафед рӯ овардааст. Худи ӯ низ ба душвориҳои тарҷума ишора мекунад ва менависад, ки баъзе тобишҳои маъноии забони чинӣ барои тарҷума мушкиланд.
Аз ҷиҳати муҳтаво, маҷмӯа саршор аз мавзуҳои инсонӣ – ишқ, ҳиҷрон, муҳоҷират, танҳоӣ, ёди ватан ва зебоии табиат аст. Шеъри «Фаромӯш»-и Чен Чою (1933-2025), ки бо ҳузни мусофирӣ олуда аст, ба эҳсоси бисёр хонандагони тоҷик наздик менамояд:

Ба ёд меорам, ки ман мусофирам…
Ё шеъри «Муҳоҷир»-и Юн Хэ (1942-2012), ки муҳоҷирро ба гиёҳи «бемакон» ташбеҳ мекунад, бисёр рамзӣ ва пуртаъсир аст.
Дар китоб шеърҳои кӯтоҳу пурмаънии шоирони муосир низ ҷой гирифтаанд. Аз ҷумла аз Сяо Сюэ (тав. 1935):

Ҳама чароғҳо хомӯшанд,
Танҳо дили ман аст,

Ки то ҳол равшан аст…

Нашри китоби «Сию панҷ барги дарахти дӯстӣ» аз нигоҳи фарҳангӣ аҳамияти вижа дорад. Он на танҳо намунаҳои назми Чинро муаррифӣ мекунад, балки як навъ пули дӯстӣ миёни адабиёти тоҷик ва чинї эҷод мекунад. Ҳузури матни асл бо забони чинӣ дар канори тарҷума низ арзиши илмӣ ва омӯзишии китобро боло бурдааст. Дар маҷмуъ, ин китоб барои дӯстдорони шеър, муҳаққиқони тарҷума ва ҳаводорони фарҳанги Чин армуғони беназир аст.

Китоби дуюм, яъне «Абрешими дӯстӣ» баръакси китоби аввал тарҷумаи намунаҳои шеъри муосири тоҷик ба забони чинӣ мебошад. Дар сарсухани китоб ҳам таъкид мешавад, ки ҳадафи асосӣ муаррифии шеъри тоҷик ба хонандаи чинӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар аст.
Дар ин китоб мутарҷим кӯшидааст шоирони наслҳои гуногуни адабиёти муосири тоҷикро фаро гирад. Аз Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ то шоирони ҷавони имрӯз, ҳама дар як маҷмуа гирд омадаанд. Ин равиш ба хонандаи чинӣ имконият медиҳад, ки дар мавриди шеъри сад соли охири тоҷик тасаввурот пайдо кунад.
Интихоби шеърҳо низ бамаврид аст. Масалан, шеъри машҳури Мирзо Турсунзода:

То тавонӣ, дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун…


бо содагӣ ва ҳикмати инсонгароёнааш барои хонандаи хориҷӣ низ фаҳмо ва таъсирбахш аст. Ё шеъри ватандӯстонаи Лоиқ Шералӣ:

Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман,
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.


рӯҳи ватандӯстии тоҷиконро хеле равшан ифода мекунад.
Ҳамин тавр, мутарҷим кӯшидааст, ки шеърҳои Гурухсор, Фарзона, Озар, Толиби Луқмон ва шоирони ҷавон Шаҳриёр Олимӣ, Бузургмеҳри Ҳаким, Мафтунаи Қосим ва дар умум 50 шоири муосири тоҷикро ба забони чинӣ тарҷума кунад ва бо овардани тарҷумаи ҳолашон онҳоро ба хонандаи чинӣ муаррифӣ намояд.

«Абрешими дӯстӣ» монанди як риштаи абрешимӣ фарҳанги ду миллатро ба ҳам мепайвандад. Маҷмуаи мазкур на танҳо дастоварди як тарҷумон, балки рӯйдоди муҳими фарҳангӣ мебошад. Он метавонад оғози силсилаи нави тарҷумаҳои адабии тоҷикӣ ба забони чинӣ гардад ва барои густариши муколамаи фарҳангии Тоҷикистону Чин хизмат намояд.

Нуктаи муҳимтарин ин аст, ки бори нахуст Иброҳимҷон Дӯстализода шеърҳои шоирони чиниву тоҷикро мустақим аз забони асл, яъне аз чинӣ ба тоҷикӣ ва баръакс аз тоҷикӣ ба чинӣ тарҷума кардааст.

Дар фароварди сухан дар бораи тарҷумон Иброҳимҷон Дӯстализода зикри чанд нуктаро зарур мешуморам.

Сарнавишти Иброҳимҷон Дӯстализода бисёр ғайриодӣ аст. Ӯ аслан хатмкардаи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Аз овони мактабхонӣ шеър менавишт, вале сарнавишт ӯро ба роҳи дигар бурд ва ӯ солиёни зиёд аст, ки дар ширкатҳои роҳсозии чинӣ фаъолият дорад ва дар бунёди роҳҳо, пулҳо ва эстакадаҳо дар кишвар саҳм мегузорад. Иброҳимҷон ҳангоми фаъолият бо мутахассисони чинӣ ин забонро аз худ кардааст. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад ва то имрӯз чор дафтари шеър -«Дуруд фардо», «Мусиқии нафас», «Пайи имдоди гул» ва «Як қадам то худ» нашр кардааст.

Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *