Нақшаи даъвати баҳорӣ ба Артиш пеш аз мӯҳлат иҷро шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки то 23 май ҳамаи комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои кишвар аз анҷоми пурраи нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ гузориш додаанд.
Ба иттилои манбаъ, маъракаи даъват аз 1 апрел оғоз шуда, аввалин шуда шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинишударо дар рӯзи аввал иҷро карда буданд.
Ҳамчунин, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маъракаи даъватро пеш аз муҳлат анҷом додаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ