Хубони даҳр то дер намепоянд…

Вуҷуди пурфайз ва аъмоли неки иддае аз одамон дар сарҳади нопайдои рӯзгор гоҳо монанди офтобе бузургтарин дурахши комронӣ хоҳад буд, ки бо ҳузураш на танҳо атрофиён, балки хонадону оила ва азизону пайвандон лаззати шодмонӣ мечашанд. Афсӯс, ки хубони даҳр дер намепоянд. Ончунон зуд мераванд, ки ёди бо онҳо будан танҳо хотираеро мемонаду бас. Се сол қабл марги бармаҳал бародари донишманду бомаърифат ва табиби ҳозиқу фарзанди содиқи диёр Рустамро аз мо гирифт. Рафтани Рустам дар хонадонамон сукути дардомезеро паҳн сохт, ки токунун ҳеҷ як тантанае онро шикаста наметавонад.

Рустам аз кӯдакӣ наврасӣ кунҷков, болаёқат ва зираку худогоҳ буд. Фарқияташ аз дигар ҳамсабақонаш дар он буд, ки пайваста ҷустуҷӯ мекард ва бо навгониҳои дунё ошно мегардид. Ёд дорам, ки ҳанӯз дар замони мактабхонӣ падарамро маҷбур сохт, то ба маҷаллаи бонуфузи ҳамонвақта бо номи “ Саломатӣ”, ки дар шаҳри Москав нашр ва ба давлатҳои аъзои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тақсим мегардид, обуна шаванд. Падарам сухани Рустамро нашикаста, ба маҷаллаи “Саломатӣ” ва як маҷаллаи дигари бонуфуз обуна шуданд ва ҳар моҳ ба хонаи мо маҷаллаи “Саломатӣ” дастрас мегардид. Шояд касби табибӣ ҳанӯз аз давраҳои кӯдакӣ дар дили Рустами мо маскан гирифта буд. Баъди хатми муваффақонаи мактаби миёна ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуда, бо таҳсили аъло ва касби ҷойгоҳи хоса табиби ҳозиқ гардид.

Шодравон Рустам аз ҷумлаи чунин инсонҳо буд, фарзанди некном, табиби ҳалим, шахси боодобу хоксор ва марди меҳрубоне, ки дар тӯли умри 49-солаи худ муҳаббат, эҳтиром ва дуои неки бисёреро соҳиб гардид.

Даргузашти нобаҳангоми эшон барои аҳли хонадон, наздикон, дӯстону ҳамкорон зарбаи сахту ҷонкоҳ буд. Бовар кардан душвор аст, ки шахсе, ки ҳамеша бо чеҳраи кушода, сухани нарм ва қалби пур аз меҳр зиндагӣ мекард, имрӯз дигар миёни мо нест. Аммо номи нек, рафтори шоиста ва хотираҳои гарме, ки аз худ боқӣ гузошт, ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд шуд.

Рустам ҳамчун доктори ҷарроҳ на танҳо табиб, балки наҷотбахши ҷони инсонҳо буд. Барои ӯ касби табибӣ танҳо шуғл набуд — рисолат буд. Ӯ бо эҳсоси баланди масъулият, бо дили пур аз раҳму шафқат ба беморон муносибат мекард. Ҳар касе, ки бо ӯ ҳамсуҳбат ё ҳамкор шуда буд, аз инсондӯстӣ, фурӯтанӣ ва одоби баланди ӯ ёд мекунад. Бисёр нафарон имрӯз бо дуои хайр номи ӯро ба забон меоранд, зеро бо дасти шифобахш ва сухани таскинбахши худ ба онҳо умед бахшида буд. Ҷойгоҳи Рустам дар хонадон ва байни азизону пайвандон ҳамеша махсус ва фарқкунанда буд ва имрӯз хотироти ӯ танҳо василаи суҳбатҳои дурударози аъзои оилаи мост. Ӯ фарзанди бовафо, такягоҳи хонадон ва дӯстдоштаи ҳамагон буд.

Имрӯз ҳар гӯшаи хонадон аз набудани ӯ қисса мекунад. Ҷои холии ӯро ҳеҷ чиз пур карда наметавонад. Садои гармаш, табассуми самимӣ ва меҳрубониҳояш ҳамеша дар хотири наздикон зинда хоҳад монд. Барои бародарон, аҳли оила ва дӯстону пайвандон таҳаммули ин дард бисёр гарон аст. Аммо умед он аст, ки Худованд ҷойгоҳи ин инсони нексириштро дар беҳтарин мақомҳо насиб гардонад. Имрӯз агар умрам вафо мекард, бародари азизи ман Рустам ба синни 52 мерасид, вале сад афсус, ки ӯ моро аз дунёи дигар бо табассуми гарми худ назора менамояд.

Номи нек аз инсон мерос мемонад. Шодравон Рустам бо ахлоқи наку, хизмати содиқона, тарбияи фарзандони оқилу доно ва муҳаббати мардум барои ҳамеша дар ёдҳо зинда хоҳанд монд. Ман бо дасти дуо ва ҳазорон хотироти нек ёду номи неки Рустамро то абад зинда хоҳам дошт.

Ёди некат ҷовидон ва руҳи гиромият шод бошад, бародари азизу арзишманди ман!

Қудрат Давлатзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *