Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи Донишгоҳи сулҳи СММ қадрдонӣ шуд
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза-эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ сарфароз гардид.
Маросими қадрдонӣ имрӯз, 25 май дар Қасри миллат доир шуд.
Гуфта мешавад, ки ин ҷоизаи бонуфуз ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзанда дар эҷоди сулҳ, густариши ҳамкории минтақавӣ ва талошҳои пайваста дар роҳи таҳкими дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум миёни халқҳо, аз ҷумла имзои созишномаи таърихӣ дар бораи ҳалли масоили сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, тавсиби Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ, инчунин, пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи обу иқлим супурда шудааст.

“Ҷоизаи мазкур барои шахсиятҳои барҷастаи сулҳофар ва кишварҳое, ки дар роҳи сулҳсозӣ дастовардҳои беназир доранд, аз ҷониби Донишгоҳи сулҳи СММ таъсис ёфтааст”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Президенти кишвар.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоиза бо фармони Ректори Донишгоҳи Сулҳи Созмони Милали Муттаҳид доктор Франсиско Рохас Аравена 19 майи соли 2026 ба имзо расидааст. Он аз ҷониби Намояндаи доимии ин донишгоҳ, Сафир Дэвид Фернандес Пуйана ба Пешвои миллат тақдим гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ