Мушкилоти семент дар Тоҷикистон
Чаро бо вуҷуди зиёд шудани истеҳсоли семент нархи он боло меравад?
Дар ҳафтаҳои охир ба идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва Pressa.tj муроҷиатҳои зиёди сокинон, сохтмончиён, соҳибкорон ва фурӯшандагони масолеҳи сохтмонӣ вобаста ба якбора боло рафтани нархи семент ворид мешаванд. Агар то чанд вақт пеш як халтаи 50-килограммаи семент 45–50 сомонӣ арзиш дошт, имрӯз дар марказ ва минтақаҳои кишвар нархи он ба 80 сомонӣ расидааст. Харидорон савол медиҳанд, ки чӣ гуна дар кишваре, ки худ миллионҳо тонна семент истеҳсол мекунад ва ҳатто ба хориҷ содирот менамояд, нархи семент чунин боло меравад? Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» тасмим гирифт, ки ин мавзуъро мавриди омӯзиш қарор диҳад ва таҳқиқоти журналистиро оғоз намояд.
Кишваре, ки миллионҳо тонна семент истеҳсол мекунад
Дар чанд соли охир Тоҷикистон ба яке аз истеҳсолкунандагони бузурги семент дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Агар 15 сол пеш ҷумҳурӣ ба норасоии шадиди семент рӯ ба рӯ буд, имрӯз ҳаҷми истеҳсоли он аз 4-4,5 миллион тонна дар як сол расидааст. Ғайр аз ин, аз ҷониби сохторҳои дахлдор борҳо изҳор шудааст, ки ҳаҷми содироти сементро то ба 2 миллион тонна расонанд. Дар бозори кишвар тибқи маълумоти ба идораи сомонаи Pressa.tj расида, зиёда аз 16 корхонаи истеҳсоли семент фаъолият мекунанд, аммо қариб 90 фоизи истеҳсол амалан дар дасти се ширкати бузурги муштараки хитоӣ -тоҷикӣ:
- «Хуаксин Ғаюр Семент»;
- «Хуаксин Ғаюр Суғд Семент»;
- «Ҷунгтсай Моҳир Семент» мутамарказ шудааст.
Маҳз дар ҳамин ҷо саволи асосӣ ба миён меояд.



Агар истеҳсол афзоиш ёфта бошад, иқтидорҳо зиёд шуда бошанд ва ашёи хом дар кишвар ба қадри кофӣ мавҷуд бошад, пас чаро дар бозори дохилӣ норасоии семент ба вуҷуд омад?
Вақте бозор дигар бозор нест
Иқтисоддонҳо чунин вазъиятро “олигополия” меноманд. Яъне, бозор аз ҷониби чанд бозигари калон идора мешавад.
Расман истеҳсолкунандагон зиёданд. Аммо амалан қисми асосии маҳсулот дар дасти доираи маҳдуди ширкатҳо қарор дорад. Дар чунин шароит имкони таъсир расонидан ба нарх на танҳо тавассути талаботи бозор, балки бо роҳи идора кардани ҳаҷми таъминот низ ба вуҷуд меояд.
Маҳз дар ҳамин бора имрӯз фурӯшандагони масолеҳи сохтмонӣ ва намояндагони соҳаи сохтмон бештар ҳарф мезананд.
Ба гуфтаи онҳо, корхонаҳо ҳаҷми фурӯши сементро коҳиш додаанд ва баъзе нуқтаҳои савдо маҳсулотро бо ҳаҷми маҳдуд дарёфт мекунанд.
Агар ин маълумот тасдиқ шавад, пас сухан аллакай на дар бораи болоравии табиии нарх, балки дар бораи маҳдудсозии сунъии пешниҳоди маҳсулот меравад.
Норасоии сунъӣ нақшаи куҳан дар иқтисоди нави бозорӣ
Механизм хеле содда ба назар мерасад.
Аввал таъминкунандагони калон ҳаҷми баровардани маҳсулотро ба бозор коҳиш медиҳанд. Сипас, дар бозор норасоӣ ба вуҷуд меояд. Воҳима оғоз мешавад. Миёнаравон сементро ба таври оммавӣ мехаранд. Нарх боло меравад. Баъд аз расидан ба сатҳи баланд, маҳсулот дубора ба бозор бо ҳаҷми кофӣ бароварда мешавад.
Чунин схемаҳо дар кишварҳои пасошӯравӣ хуб маълуманд. Бо шакар, орд, равғани растанӣ, сӯзишворӣ ва дигар молҳои стратегӣ низ чунин ҳолатҳо рух дода буданд.
Аз ҳама нигаронкунанда он аст, ки семент моли оддӣ нест.
Барои Тоҷикистон семент асоси сохтмони манзил, роҳҳо, мактабҳо, беморхонаҳо, иншооти инфрасохторӣ ва хонасозӣ мебошад. Яъне болоравии нархи семент ба таври сунъӣ ба гароншавии тамоми соҳаи сохтмон оварда мерасонад.
Зиён ба кӣ мерасад?
Баланд шудани нархи семент, пеш аз ҳама ба мардум зиён мерасонад. Ба мардуме, ки имрӯз бо меҳнати ҳалол, заҳмати зиёд барои худ хона месозанд, фарзанд ба воя мерасонанд ва мехоҳанд зиндагии арзанда дошта бошанд.
Имрӯз махсусан дар шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар сохтмон босуръат идома дорад. Мактабу кӯдакистонҳо, беморхонаҳо, роҳҳо, пулҳо, биноҳои баландошёна, марказҳои хизматрасонӣ ва иншооти иҷтимоӣ қомат рост мекунанд, Тоҷикистон тадриҷан симои худро дигар месозад.
Ин раванд сиёсати давлатӣ ва яке аз самтҳои муҳими ибтикороти созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки солҳои охир барои ободонии кишвар, беҳтар шудани шароити зиндагии мардум ва табдил додани Тоҷикистон ба як кишвари муосир замина гузошт.
Маҳз ба шарофати ҳамин сиёсати созанда садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ пайдо шуданд. Бисёре аз ҷавонон ба ҷойи муҳоҷирати меҳнатӣ дар дохили кишвар соҳиби ҷойи кор гардиданд. Соҳаи сохтмон ба яке аз муҳаррикҳои асосии иқтисоди миллӣ табдил ёфт.
Дар шаҳри Душанбе бошад, ташаббусҳои шаҳрдор Рустами Эмомалӣ барои ободонӣ, сохтмони роҳҳо, биноҳои муосир, боғҳо, мактабҳо ва табдил додани пойтахт ба як шаҳри замонавӣ солҳои охир симои шаҳрро куллан дигар карданд.
Вале вақте нархи семент ба таври сунъӣ боло бурда мешавад, ин танҳо гарон шудани семент нест, ин амал ба ҳамин сиёсати созанда зарба мезанад. Зеро семент таҳкурсии сохтмон аст. Агар семент гарон шавад, тамоми занҷираи сохтмон гарон мешавад.
Дар натиҷа:
- арзиши манзил боло меравад;
- суръати сохтмони хонаҳо суст мешавад;
- сифати сохтмони биноҳо коҳиш меёбад (ин нуктк аз он ки Тоҷикистон минтақаи заминларза мебошад, муҳим аст.)
- лоиҳаҳои хусусӣ ва соҳибкорӣ кам мешаванд;
- арзиши биноҳои мактаб, беморхона ва иншооти давлатӣ қиммат мегардад;
- имкони хонадор шудани ҳазорҳо оила душвортар мешавад.
Аз ҳама нигаронкунанда он аст, ки ҳазорон оила дар Тоҷикистон хонаҳои худро мустақилона месозанд. Солҳо маблағ ҷамъ мекунанд, то таҳкурсӣ рехта, девор бардоранд ё боми хонаро пӯшонанд. Барои бисёриҳо сохтмони хона ягона роҳи нигоҳ доштани маблағ ва таъмин намудани ояндаи фарзандон аст.
Вақте нархи семент қариб як баробар боло меравад, мардум маҷбур мешаванд:
- сохтмонро қатъ кунанд;
- қарздор шаванд;
- хонаҳои камсементи бесифат созанд;
- сохтмони хонаҳои нотамом солҳо ба анҷом нарасанд;
- ё ҳатто аз орзуи соҳиби хона шудан даст кашанд.
Баъдан нархи бетон, корҳои хиштчинӣ, хизмати сохтмончиён, иҷораи техника ва ҳатто манзилҳои нав низ боло меравад. Ин дигар танҳо мушкили бозори семент нест. Ин як занҷираи хатарнокест, ки метавонад тамоми иқтисодиётро ба гирдоби гаронӣ, коҳиши сохтмон ва сустшавии рушди иқтисодӣ кашад.
Аз ҳамин хотир, масъалаи семент имрӯз танҳо масъалаи соҳибкорон ё бозор нест. Ин масъалаи манфиати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва ҳифзи сиёсати созандагии давлат мебошад.
Шуъбаи иқтисод ва таҳлили «Тоҷикистон» ва Pressa.tj
P.S
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва Pressa.tj таҳқиқи ин мавзӯъро идома медиҳанд. Дар рӯзҳои наздик вобаста ба болоравии нархи семент ва вазъи бозори сохтмон гузориши махсуси видеоӣ низ омодаву пахш хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ