Марги нобаҳангоми мудири САҲШ-и шаҳри Панҷакент
Хабари даргузашти бонуи нексиришт, ҳуқуқшиноси соҳибтаҷриба ва инсони соҳибмаърифат Зарина Фатҳуллозода моро сахт андуҳгин намуд.
Шодравон Зарина Фатҳуллозода солҳои зиёд дар мақомоти прокуратура, Шӯрои адлия ва то рӯзҳои охири умр ба ҳайси мудири бахши САҲШ-и шаҳри Панҷакент софдилона фаъолият намуда, бо масъулиятшиносӣ, дониши баланди касбӣ, муомилаи нек ва ахлоқи ҳамида миёни ҳамкорон ва мардум соҳиби эҳтироми хоса гардида буданд.
Ӯ фарзанди арзандаи шодравон Салимбой Фатҳиллоев, собиқ Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, буд ва номи неки падарро бо фаъолияти поку шоиста идома дод. Зарина Фатҳуллозода умри кӯтоҳ, аммо пурбаракат дид ва хотираи некаш дар қалби пайвандон, дӯстону ҳамкорон ҳамеша зинда хоҳад монд.
Дар ин лаҳзаҳои сангин ба аҳли оила, фарзандон, пайвандон ва хоса бародари ягонааш Довар, тамоми дӯстону наздикони марҳума сабри ҷамил хоҳонем.
Аз даргоҳи Худованди меҳрубон барои шодравон Зарина Фатҳуллозода раҳмату мағфират, манзили охиратро обод ва ҷояшро ҷаннатулфирдавс таманно дорем.
Рӯҳат шоду ёдат гиромӣ ва манзили охиратат обод бод, Заррина!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ