Дар Бохтар кӯдакистон месозанд
Дар шаҳри Бохтар корҳои сохтмонии муассисаи томактабӣ барои 200 кӯдак оғоз карда шуд.
Аз мақомоти маҳаллии шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфтанд, ки кӯдакистон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешавад. Бино барои дуошёна буда, барои 200 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Абдулмаҷид Муминзод, шаҳрдори Бохтар дар оғози корҳои сохтмонӣ иштирок кардааст. Ӯ иқдоми соҳибкоронро шоистаи таҳсин ва намунаи равшани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ арзёбӣ кардааст.

Шаҳрдори Бохтар дар суҳбат бо сохтмончиён ва соҳибкорон таъкид кардааст, ки корҳои сохтмонӣ бо риояи пурраи талаботи шаҳрсозиву меъморӣ ва истифода аз масолеҳи сохтмонии босифати ватанӣ анҷом дода шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ