Як ғазали Лоиқ, ки аз «Куллиёт» берун мондааст…

Устод Лоиқ Шералӣ ду ғазал бахшида ба Исфара дорад. Ғазали аввал «бо хоҳиши якчанд дӯстон дар Зумрад» дар ҳавои ушшоқ сароида шуда ва ба «Куллиёт» (2001)-и шоир ворид шудааст. Байти аввал ин аст:

Дар боғҳои хуррами ҷаннатнишони Исфара,

Шаҳду шакар мепарварад пиру ҷавони Исфара…

Аммо дар нашри дигари «Куллиёт» (2008) ин ғазал «Ушшоқи Исфара» ном гирифта, байти аввали он дигар аст:

Дар ҳар дара ҳусни сара дорад ҷаҳони Исфара,

Нури илоҳӣ рехта дар бӯстони Исфара.

Ғазали дувум аз чӣ сабабе ба «Куллиёт»-и устод Лоиқ ворид нашудааст, ки матни комили он чунин аст:

Ман омадам бар Исфара афсурдаҷону бефара,

Рафтам аз ин ҷо ширмаст монандаи оҳубара.

Ман омадам аз шоирӣ дилмондаву дилхастае,

Дидам ҳазорон манзара – ҳар манзара шеъри сара.

Бинвохт оҳангаш маро, бишнохт ҳар сангаш маро,

Ман низ ҳам бишнохтам худро зи ҳар санги дара.

Ман аз Душанбе хастаам, бар Исфара дил бастаам,

Ин ҷо дилам дил мешавад, ҷон ҷон ба ҷонон мебара.

Мирзои Солеҳ соз зад, Мирзо Олим бода рехт,

Эй дида, олам дидаӣ, ки дидаӣ ин манзара.

Ин ҷо низоми зиндагӣ бошад ба номи зиндагӣ,

Ҷуз он, ки Сайфи Исфарангиро набошад мақбара.

Дигар чӣ гӯям беш аз ин, аҳсант боду офарин:

Бар духтурони Исфара, бар духтарони Исфара!

Ҳар ду ғазал дар як фосилаи кӯтоҳ – охири сентябр ва аввали октябри соли 1993 эҷод шудааст. Ҳузури баъзе аз нишонаҳои ҳамоҳангиву монандӣ дар ситоиши зебоиҳои Исфара, сифати озодагии мардум, ифодаи дарди дил ва рӯҳияи фарогири шоир дар замони эҷод, бо қофияву радифи зебову шинам ва дар як вазни равону ба мусиқии расо омехта эҷод шудани ғазал – ҳашт бор мустафъилун (– –V–) дар баҳри раҷази мусаммани солим натиҷаи дар як фосилаи вақту фазо гуфта шудани ин ду ғазал аст.

Ғазали аввал ситоишист ва шоир кӯшидааст, ки аз зебоиҳои ин марзу мардум сухан кунад ва вежагии озодагиҳои ононро ба шеър оварад. Ғазали дувум танҳо ситоишӣ нест, балки дар он бори матлаб фаротар рафта, мазмуну оҳангҳои иҷтимоӣ низ ба бар кардааст. Аҷиб ин баёни шоир аст, ки ӯ ба ин макони тоҷикон «афсурдаҷону бефара» омада ва «аз ин ҷо ширмаст монандаи оҳубара» ба Душанбе бозгаштааст. Воқеан тасвири якдаст аст. Дар бораи Исфара ва табиати он шеър зиёд аст, гӯяндагон – чӣ дохилӣ ва чӣ хориҷӣ – ин маконро зиёд ситоидаанд. Масалан, Муъмин Қаноат Исфараро чун «рози духтарон дар парда» тасвир карда, ки нотакрор аст ва маънии хос дорад. Аммо шояд ягон шоири дигаре монанди Лоиқ Шералӣ аз омадан ба ин қаламрав ин ҷоро ба ин қиёс, фаҳмиш ва эҳсоси зебоӣ надида бошад. Шояд касе аз шоирони дигар монанди Лоиқ чунин тасвире ноб ба миён наоварда, ки ба ин ҷо бо табъи афсурда омада ва аз ин ҷо монандаи оҳубара ширмаст рафтааст. Ин тасвир дар таърихи шеъри муосир беқиёс аст.

Барои чӣ гуфтем, ин ғазал назар ба ғазали дигар бори мазмуни баланди иҷтимоӣ дораду иҷтимоигарона аст?! Зеро гӯяндаи дардкаш аз дарди замона ба доду ба танг омада «аз шоирӣ дилмондаву дилхаста» ин ҷо омада, «ҳазорон манзара – ҳар манзара шеъри сара»-ро дида, аз онҳо хастагӣ бароварда. Ҳар манзараи Исфара барои шоир нишонаи шеъри сара аст. Исфараро чун шеъри сара ёфта. Гӯянда аз шеъру шоирӣ ва аз маъвогаҳи аслии тоҷикон дар замони ҳассоси иҷтимоӣ дилхаста шуда, аз ин ҷо бо эҳёи рӯҳи туғёнӣ мерафтааст. Пас суоле сар мезанад: Аз кадом шеъру шоирӣ дилмондаву чаро аз Душанбе дилхаста?! Посухи инро аз «Фарёди бефарёдрас» метавон ҷуст, ки решаи ин пурсиш он ҷо нуҳуфтааст. Китоб дардномаи он солҳост.

Гӯянда дар ғазал доди сара гуфтан дода ва равшан изҳор дошта, ки ҳар оҳангу ҳар санги Исфара ӯро шинохта ва худи ӯ ҳам худро аз ҳар санги дараи Исфара донистааст. Аз он ки «аз Душанбе хаста» омада ва «бар Исфара дил баста», «дилаш ин ҷо дил мешуда» ё ин ҷо таскин ёфта ва ҷонашро ба ҷонон бурдааст. «Мебара» дар байти шоир қофияи бисёр зебо омадааст. Дар маҷмуъ тавон гуфт: худи қофияҳои шеър ба сони зебоиҳои Исфара бисёр сара гузида шудаанд. Устод Лоиқ дар ин маврид қофия наҷуста ва қофияҳо аз зоидаҳои табииянд ва худашон омада ва ба шеър равонӣ ва ҷони тоза бахшидаанд: бефара, оҳубара, сара, дара, мебара, манзара, мақбара, Исфара.

Ҳузури ду шахсият – яке ромишгари мумтоз Мирзои Қурбони Солеҳ, дигаре бунёдгари осоишгоҳи «Зумрад» Мирзои Олим ҷанбаи бовардошти тасвири шоирро муассир кардаанд. Арзу тӯли Исфара дар биниши шоир то ҷое буда, ки низоми зиндагиро ин ҷо дуруст дониста, дар ин низом ҷуз мақбараи Сайфуддини Исфарангӣ дигар ҳама чизро расо дидааст.

Дар байти охир ҳисси таассуромезу таассурангези шоиронаи гӯянда боз боло рафтаву завқаш дигарбора ба ҷӯш омада, духтарони Исфараро баробари духтурони Исфара гузошта ва бар онон «аҳсант боду офарин» хондааст: фикр мекунам, ки аз дасти шафоату шифои духтарони духтур ва духтурони духтар ҷони шоириаш бардамтар шудааст…

Ба ин тарзу шева ин ғазал дар авҷи ихтилофи ҳангуфти байниқавмии тоҷикон ва дар айёми ноҷуриҳои рӯҳиву равонии аввали даҳаи навадуми садаи гузаштаи тоҷикон ба риштаи гавҳар суфта, табиист, ки шоир баробари офаридани ситоишнома бори зиёд ва вазнини иҷтимоиро ҳам дар чунин ғазали ситоишӣ хуб ҷой додааст. Қудрати шоириаш ҳамин будааст…

Ба ин тариқ, ин нукта ангезанда аст, ки ин ғазали сара аз назари хонанда дур монда ва шоир онро ба дасти як қаламкаши Исфарангӣ монда, танҳо дар нашрияи маҳаллии «Насими Исфара» ба чоп дода, он ба ду нашри «Куллиёт»-и Лоиқ ворид нашуда, аҳли завқ, доираи густардаи хонанда дар кишвари мо ва олами форсизабон (аз гунаи форсии Куллиёт) аз хондан ва баҳраҷӯйӣ аз ин ғазали ноби дорои тасвирҳои якдаст дур ва бехабар мондаанд. Бинобар ин, ин ғазалро бояд ба нашри нави «Куллиёт»-и шоир ворид кард…

Субҳони АЪЗАМЗОД,

адабиётшинос

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *