Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев 65-сола шуд (видео)

Имрӯз, 5 июн овозхони опера ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев ба 65-сола шуд.

Содиқ Нуруллоев 5 июни соли 1961 дар деҳаи Худгифи Сояи ноҳияи Масчоҳ ба дунё омадааст.

Ӯ дар тӯли фаъолияти ҳунарии худ зиёда аз 40 нақш офарида, дар саҳнаи театр 12 барномаи консертии алоҳида баргузор намудааст. Ҳунарманди тоҷик дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия, Ӯзбекистон ва Туркманистон ширкат варзида, фарҳангу санъати тоҷикро муаррифӣ кардааст.

Содиқ Нуруллоев ҳамчунин бо барномаҳои консертӣ ба кишварҳои Чин, Туркия, Русия, Қирғизистон ва Қазоқистон сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст.

Дар фаъолияти эҷодии худ ӯ дар беш аз 40 намоиши операвӣ нақш офарида, бо маҳорати баланди овозхонӣ ва ҳунарнамоӣ миёни дӯстдорони санъат маҳбубият пайдо кардааст.

Содиқ Нуруллоев аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки дар рушди санъати операи тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *