“МегаФон Life”: Сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед

Замимаи мобилии “МегаФон Life” барои истифодабарандагоне, ки хоҳиш доранд, саҳмияҳо ба даст оварда, аз ҳамин ҳисоб маблағ кор кунанд, имкониятҳои нав пешниҳод менамояд. Қисми нави “Сармоягузориҳо” имкон медиҳад, ки маблағҳо бевосита тавассути смартфон идора карда шаванд. Барои баландбардории сатҳи бехатарии амалиётҳо дар замима инчунин функсияи “Биометрия” дохил карда шудааст: шахсияти истифодабарандаро метавон аз рӯйи симои ӯ ба амал баровард.

Дар бахши “Сармоягузориҳо” ба истифодабарандагони “МегаФон Life” саҳмияҳои ширкатҳо аз бозорҳои глобалии фондӣ дастрас ҳастанд. Хизматрасонӣ якҷоя бо платформаи брокерии broker.tj таҳия карда шуда,  ҳам барои сармоягузорони ботаҷриба, ҳам сармогузорони навомӯз нигаронида шудааст. Барои оғоз аз 100 сомонӣ маблағ лозим меояд – ин варианти хуб барои онҳоест, ки мехоҳанд ба олами сармоягузориҳо бе хавфи калон ба буҷаи шахсии худ ворид шаванд.

Комиссия барои хариди саҳмияҳо ҳамагӣ 0,3%-ро аз маблағи додугирифт новобаста аз ҳаҷми он ташкил медиҳад. Комиссия барои фурӯш ва баровардани маблағҳо ба “Ҳамён” дар замимаи “МегаФон Life” гирифта намешавад. 

Барои кушодани ҳисоби брокерӣ кофист, ки мушаххасгардониро дар замима бе зарурати рафтан ба идора ва бе навбатпоиҳо гузаред. Ҷиҳати қулай дар он аст, ки ҳисобро метавон бо асъори миллӣ пур кард. Чунин амалҳоро ба монанди конвертатсияи сомонӣ ба доллар ва баръакс хизматрасонӣ худ анҷом медиҳад. Истифодабаранда арзиши барояш фаҳмои дороиҳоро мебинад ва онҳоро дар реҷаи вақти воқеӣ идора менамояд.

Дастурамалҳо ва интерфейси бахши “Сармоягузориҳо” истилоҳоти мураккаби молиявиро дар бар намегиранд ва ба ҳар як нафар фаҳмо мебошанд. Ҳамаи амалиётҳо дар дохили замимаи “МегаФон Life” дастрас ҳастанд – сармоягузориҳо ба мисли пуркунии тавозун ё интиқоли маблағ ба як амали оддӣ ва маъмулӣ табдил меёбанд.

Барои оғози истифодаи имкониятҳои нав чор амалро анҷом диҳед:

– замимаи “МегаФон Life”-ро то намунаи охирин нав кунед;

– мушаххасгардониро гузаред;

– бахши “Сармоягузориҳо”-ро кушоед;

– дороиҳои барои худ лозимиро интихоб намуда, хариди якумро анҷом диҳед.

Амалиётҳо дар бахши “Сармоягузориҳо” бо технологияҳои муосири рамзкунонӣ ва системаи бисёрсатҳаи бехатарӣ ҳифз карда шудаанд. Истифодабаранда пурра амалҳои худро назорат менамояд, инфрасохтори шарикон бошад, ҳимояи боэътимоди маблағҳо ва маълумоти шахсиро таъмин мекунад.

Барои баландбардории қулайнокӣ ва бехатарии амалиётҳои молиявӣ таҳиягарони замимаи “МегаФон Life” инчунин функсияи нави воридшавӣ ба “Ҳамён”-ро аз рӯйи биометрия  пешниҳод намуданд. Мушаххасгардонӣ аз рӯйи технологияи Liveness мустақиман дар замима бе зарурати рафтан ба идора сурат мегирад. Система дар вақти воқеӣ рӯйи истифодабарандаро таҳлил карда, “зинда будани” онро баҳри пешгирии кӯшиши амалӣ намудани дастрасӣ бо истифода аз акси бегона месанҷад. Ҷараёни санҷиш ҳамагӣ якчанд сония вақт мегирад. Дар натиҷа истифодабаранда ба ҳамаи хизматрасониҳои экосистемаи рақамӣ дастрасӣ пайдо менамояд. Мушаххасгардонии биометрӣ шабонарӯзӣ дастрас буда, барои ин танҳо смартфон бо камера ва якчанд дақиқа вақт лозим меоянду халос.

Боргирӣ ё навсозии замима дар Galaxy Store, App Store, RuStore, AppGallery ва life.tj имконпазир аст. “МегаФон Life” – амнияти молиявии Шумо ва роҳхат ба олами сармоягузориҳо!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *