«Навиди Сино» соҳиби студияи муосири расонаӣ шуд

Дар назди Муассисаи давлатии рӯзномаи «Навиди Сино»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе студияи муосири расонаӣ, ки бо таҷҳизоти навтарини техникӣ муҷаҳҳаз гардидааст, ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи студия, ки 4 июни соли равон баргузор гардид, раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, муовини раиси ноҳия Ситора Сафарализода, роҳбарону кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар масъулон иштирок намуданд.

Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои студияи нав таъкид гардид, ки ин иқдом дар татбиқи Консепсияи ҳукумати электронӣ, рушди фазои иттилоотӣ ва таҳкими корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар ноҳия саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Ба гуфтаи Саидаброр Саидӣ, сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди Сино», дар студияи мазкур сабти мусоҳибаҳо, барномаҳои иттилоотиву таҳлилӣ, подкастҳо, суҳбату мулоқот бо олимон, адибон, коршиносон ва шахсиятҳои маъруф ба роҳ монда мешавад.

«Ҳамчунин, инъикоси фаъолияти мақомоти давлатӣ, муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳияи маводи гуногуни аудиовизуалӣ барои шабакаҳои иҷтимоӣ аз самтҳои асосии фаъолияти студия хоҳад буд», – гуфт ӯ.

Масъулон таъкид карданд, ки минбаъд тавассути шабакаҳои иҷтимоии рӯзнома хабару гузоришҳо, мусоҳибаҳо, барномаҳои таҳлилӣ, наворҳои омӯзишиву тарғиботӣ ва дигар маводи иттилоотӣ ба таври фаврӣ дастраси сокинони ноҳия ва доираи васеи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ гардонида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *