Нархи семент пас аз супориши Президент
Пас аз чанд ҳафтаи болоравии якбораи нархи семент дар Тоҷикистон, мақомот мегӯянд, ки вазъ тадриҷан ба эътидол омада истодааст. Ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон, нархи семент дар бозорҳо тақрибан 16-20 сомонӣ ё худ то 23 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш дар бисёре аз минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе норасоии семент ба мушоҳида мерасид ва нархи як халтаи 50-килоӣ то 70-85 сомонӣ боло рафта буд. Ин қиматӣ якбора нигаронии харидорон, сохтмончиён ва фурӯшандагонро ба миён овард. Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва Pressa.tj низ ҳафтаи гузашта дар ин маврид мақолаи таҳлилӣ таҳти унвони “Мушкилоти семент дар Тоҷикистон. Чаро бо вуҷуди зиёд шудани истеҳсоли семент нархи он боло меравад?” (№21 (1685), аз 27-уми майи соли 2026) нашр карда буданд.
Дахолати Президент
28-уми майи соли равон дар ҷаласаи Ҳукумати кишвар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки семент барои рушди соҳаи сохтмон, зерсохтор ва иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, гароншавии ин маҳсулот метавонад ба арзиши манзил, сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва татбиқи лоиҳаҳои давлатӣ таъсири манфӣ расонад. Пас аз ин нигаронӣ Хадамоти зиддиинҳисорӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода, масъулинро ба бозорҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон сафарбар кард. Ба гуфтаи мақомот, танҳо дар як шабонарӯз вазъият қисман ба эътидол оварда шуд.
Мониторинги рӯзи 29-уми май нишон додааст, ки ҳоло нархи як халта семент дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 54 то 60 сомонӣ буда, дар баъзе минтақаҳо бо назардошти хароҷоти нақлиёт то 65 сомонӣ мерасад. Дар вилояти Суғд нарх аз 60 то 65 сомонӣ ва дар вилояти Хатлон аз 54 то 63 сомонӣ муайян шудааст.
Коршиносон мегӯянд, қазияи ахири семент нишон дод, ки бозори дохилии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам аз омилҳои мавсимӣ, фаъолияти миёнаравон ва мушкили тақсимоти ин маҳсулоти сохтмонӣ вобаста мебошад. Дар мавсими сохтмон талабот ба семент якбора зиёд мешавад. Агар дар ҳамин давра баъзе корхонаҳо барои таъмир ё дигар сабабҳо муваққатан фаъолияташонро кам кунанд, бозор зуд ба камбуди маҳсулот рӯ ба рӯ мегардад. Ин ҳолат ба миёнаравон имкон медиҳад, ки нархро боло баранд, вазъиятро ба фоидаи худ истифода кунанд.
Аз ҷониби дигар, мушоҳидаҳои рӯзҳои охир нишон дод, ки истеҳсоли зиёд ҳанӯз маънои дастрасии баробари маҳсулот дар ҳама минтақаҳо нест. Агар низоми таъмин ва назорати нарх дуруст кор накунад, маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ низ метавонад дар бозор бо нархи баланд фурӯхта шавад.
Нақши миёнаравон дар болоравии нарх
Зимни як боздид аз бозори “Кӯшониён” ба хабарнигори “Тоҷикистон” ва Pressa.tj муяссар шуд, ки бо фурӯшандагон суҳбат кунад. Орифҷон, ки дар ин бозор семент мефурӯшад, мегӯяд, фурӯшандагони хурд сементро мустақиман аз корхонаҳои истеҳсолӣ гирифта наметавонанд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо маҳсулотро аз дилерҳо ё миёнаравон дастрас мекунанд. Баъдан, онҳо ба мардум мефурӯшанд. Яъне, дар амал бозорро на худи истеҳсолкунанда, балки миёнаравон бо маҳсулот таъмин мекунанд. Табиист, ки дар чунин шароит нархро низ бештар ҳамин гурӯҳҳо муайян мекунанд. “Бардорад, зам кун…” бештар шиору амали онҳост!
Орифҷон пешниҳод мекунад, ки барои фаровон шудани бозор аз кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Покистон воридоти семент иҷозат дода шавад. Ба назари ӯ, рақобати бештар метавонад нархро поин нигоҳ дорад ва аз камбуди сунъӣ пешгирӣ кунад.
Чораҳои нав…
Масъалаи воридоти семент баҳсбарангез аст. Ба андешаи коршинос Аброр Мирсаидов, Тоҷикистон солҳои охир истеҳсоли сементро зиёд кардааст.
“Ҳадафи асосӣ ин дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ мебошад. Аммо агар дар мавсими серталабот бозор бо норасоӣ рӯ ба рӯ шавад ва нархҳо сунъӣ боло раванд, воридоти муваққатӣ метавонад ҳамчун воситаи танзими бозор истифода шавад. Ин на ба маънои заиф кардани истеҳсоли дохилӣ, балки як навъ фишанги рақобат барои пешгирии болоравии беасоси нарх мебошад”,- мегӯяд ӯ.

Ба назари коршинос, бояд миёни дастгирии корхонаҳои ватанӣ ва ҳифзи манфиати истеъмолкунандагон тавозун нигоҳ дошта шавад. Агар бозор танҳо дар ихтиёри чанд гурӯҳи таъминкунанда ё миёнарав монад, чунин ҳолат метавонад дар ҳар мавсими сохтмон такрор шавад.
Дар ин ҳолат воридоти семент аз кишварҳои истеҳсолкунанда ба муътадил нигоҳ доштани нархи дохилӣ мусоидат намояд.
Акнун Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои пешгирӣ аз такрори вазъи ба амаломада чораҳои нав андешад. Аз ҷумла, ба ниҳодҳои блоки иқтисодӣ супориш шудааст, ки бозори дохилӣ пурра бо сементи истеҳсоли ватанӣ таъмин гардад. Дар 2-3 соли оянда 4 корхонаи нави истеҳсоли семент сохта шаванд. Албатта, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ хуб аст, аммо муҳим он аст, ки маҳсулот саривақт ба бозор расад. Инчунин, низоми тақсимот бояд шаффоф бошад ва миёнаравон имкони боло бурдани сунъии нархро надошта бошанд.
Коршиносон мегӯянд, ки агар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумат ба масъалаи бозори семент дахл намекард, эҳтимол нарх боз ҳам болотар мерафт. Баъди ин дахолат мақомот фаъол шуданд ва нарх то андозае поён рафт. Аммо барои он ки чунин вазъ такрор нашавад, назорат бояд мавсимӣ не, балки доимӣ бошад. Зеро семент танҳо як маҳсулоти сохтмонӣ нест. Он ба нархи хона, сохтмони мактаб, беморхона, роҳ, пул ва дигар иншооти ҳаётан муҳим таъсир мерасонад.
Нарх дар ҳама ҷо риоя мешавад?
Аммо, бо вуҷуди коҳиш ёфтани нархҳо, хонандагони Pressa.tj мегӯянд, ки нархи пешниҳодшуда на дар ҳама ҷо риоя мешавад. Дар баъзе нуқтаҳо фурӯшандагон то ҳол сементро гаронтар мефурӯшанд ё нархро бо баҳонаи хароҷоти нақлиёт ва камбуди маҳсулот гарон нигоҳ медоранд.
Ин ҳолат нишон медиҳад, ки танҳо эълони нархи миёна кофӣ нест. Мақомоти дахлдор бояд назорати воқеии бозорро пурзӯр кунанд, махсусан дар нуқтаҳои чаканафурӯшӣ, ки харидори одӣ бештар бо онҳо сарукор дорад.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар бозорҳо рақамҳои телефонҳои боварии Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва дигар мақомоти масъул насб карда шаванд. Мардум бояд дар сурати боло бурдани сунъии нарх ё риоя нашудани нархи муайяншуда имкони муроҷиати фаврӣ дошта бошанд.
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ