Нисор Муҳаммад дар сояи тарс ва хомӯшӣ
Ду ҳафтаи охир Оромгоҳи Лучоби пойтахт серодам аст. Намояндагони касбу кори гуногун ба зиёрати се мазори нав меоянд. Мазори Қаҳрамонони Тоҷикистон – Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шоҳтемур ва ходими намоёни давлатӣ Нисор Муҳаммад, ки соли 1937 қурбони репрессияи сталинӣ шуданд. Ва 19-уми майи соли равон, пас аз қариб 90 соли фавти эшон муште аз хоки мазорашон ба Ватан оварда шуд.
Шинохте аз Нисор Муҳаммад
Дар бораи Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамагон маълумот доранд. Китобу мақолаҳои зиёде ҳам нашр шудааст, гарчанде сафҳаҳои зиёди рӯзгору корномаи эшон ҳанӯз норавшан аст. Вале дар бораи Нисор Муҳаммад кам медонанд.
Нисор Муҳаммад соли 1897 дар Пешовар (имрӯз яке аз вилоятҳои Покистон) таваллуд шудааст. Дар 15-рӯзагӣ аз модар ва дар 15-солагӣ аз падар маҳрум мегардад. Дар овони ҷавонӣ ба ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳии Ҳиндустону Афғонистон муқобили истеъморгароии инглис дар минтақа мепайвандад. Солҳои 1914-1915 дар донишкадаи Пешовар таҳсил кардааст. Баъдан дар Кобул таҳсилу фаъолияташро идома медиҳад. Соли 1919 шоҳи Афғонистон Амонуллохон бо нерӯҳои инглис вориди ҷанг мешавад. Ин ҷанг дар таърих ҳамчун ҷанги сеюми афғону ингис машҳур аст. Нисор Муҳаммад дар ин ҷанг иштироки фаъол дошт ва аз ҷониби Амонуллохон бо медали “Барои шуҷоати ҷангӣ” сарфароз шудааст. Соли 1921 бо як қатор инқилобиён ба шаҳри Тошканд меояд ва фаъолияташро ҳамчун омӯзгор дар Мактаби ҳарбии шарқӣ идома медиҳад. Муддате устоди Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (Тошканд) будааст. Дар ин ҷо ӯ бо ходимони намоёни давлатӣ – Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев аз наздик шиносоӣ пайдо мекунад.

Баъдан ба корҳои масъули давлатӣ ҷалб шуда, дар вазифаҳои гуногун – раиси комиссияи илмии тоҷикии Комиссариати халқии маорифи Туркистон, раиси комиссияи илмии маорифи ҶШС Ӯзбекистон, раиси идораи нашриёти давлатии ҶМШС Тоҷикистон кор кардааст. Аввалин ректори Дорулмуаллимини тоҷик дар Тошканд буд. Дар нашри нахустин рӯзномаҳои тоҷикӣ – “Овози тоҷик” ва “Иди тоҷик” саҳм гирифтааст. Яке аз он нафароне аст, ки барои Ҷумҳурии иттифоқӣ шудани Тоҷикистон талошҳои зиёде кардааст… Нисор Муҳаммад ду маротиба – солҳои 1928-1929 ва 1930-1932 ба вазифаи Комиссари (вазири) халқии маорифи Тоҷикистон таъйин гардид. Дар ин давра шумораи мактабҳо, омӯзишгоҳҳо ва мактабҳои олии бозшуда зиёд гардид. Аввалин бор дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе таъсиси мактабҳо ба роҳ монда шуд. Муаллифи китоби дарсии “Алифбо” (1924), “Роҳнамои ҳисоб” (1923) ва мураттиби маҷмӯаи “Достонҳои қаҳрамонӣ ва афсонаҳои тоҷикони Шуғнон” (1923) мебошад.
Барои шинохти бештаре аз Нисор Муҳаммад бо набераи ӯ Софя Кизас, ки дар шаҳри Москва зиндагӣ мекунад, ҳамсуҳбат шудем.
Сояи тарс ва хомӯшӣ
– Хонум Софя, вақте хабар ёфтед, ки муште аз хоки оромгоҳи Нисор Муҳаммад аз Москва ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад, чӣ эҳсос доштед?
– Ростӣ, ин хабарро аз расонаҳо шунидем. Пеш аз баргузории он касе ба мо чизе нагуфта буд. Вақте хабар расид, эҳсосоти ногуфтанӣ доштем. Аз як тараф, ҳисси ифтихор моро фаро гирифта буд. Зеро бобои мо барои Тоҷикистон хизмат кардааст ва ниҳоят баъд аз тақрибан 90 соли маргаш Ватан ба қадри ӯ расид. Аз ҷониби дигар, ғамгин ҳам будем, зеро сарнавишти хеле фоҷиабори ӯ бори дигар пешни назар омад. Ӯ яке аз қурбониёни таъқиботи солҳои сиюм гардид ва солҳои зиёд номи ӯ зери сояи тарс ва хомӯшӣ монда буд.
Аммо, муҳимтар аз ҳама, барқарор шудани адолат моро шод кард. Барои ин, мо – хонаводаи Нисор Муҳаммад аз Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор ҳастем.

– Имрӯз авлоди Нисор Муҳаммад чанд нафаранд? Оё ҳама бо ҳам иртибот доред?
– Авлоди Нисор хеле зиёд аст. Дар Москва се набераи ӯ зиндагӣ мекунанд – Елена, Анна ва ман – Софя. Дар Санкт-Петербург як набераи ӯ, ки Нина ном дорад. Дар шаҳри Минералние Води Ирина ва Татяна ҳастанд. Дар Пятигорск бошад, Вера ва Надежда зиндагӣ мекунанд. Дар баробари ин, имрӯз фарзандон, наберагон, аберагон ва ҳатто чабераи Нисор Муҳаммад хотираи ӯро пос медоранд. Мо пайвандони Нисор Муҳаммад бо ҳам иртиботи наздик дорем.

Қурбонии туҳмат
– Аввалин бор кай дарк кардед, ки шумо набераи яке аз чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ҳастед?
– Ман аз кӯдакӣ медонистам, ки падари модарам шахси репрессияшуда буд. Ин солҳои ҳафтодум буд. Аммо модарам дар бораи кӯдакии худ бисёр кам ҳарф мезад. Фикр мекунам ин мавзуъ барои ӯ хеле дарднок буд. Насли онҳо ба хомӯшӣ одат карда буданд. Дар замони шуравӣ одамон дар бораи чунин воқеаҳо кам суҳбат мекарданд. Ман танҳо медонистам, ки бобоям қурбонии репрессия шудааст. Тафсилоти бештарро хеле дертар фаҳмидам. Баъзе ҳақиқатҳо дар солҳои бозсозӣ ошкор шуданд. Холаам Нора ба бойгонӣ дастрасӣ пайдо кард ва парвандаи бобямро дид. Дар он ҷо ҳуҷҷати сафедкунӣ низ мавҷуд буд. Дар ҳуҷҷат навишта шуда буд, ки дар фаъолияти ӯ “таркиби ҷиноят” вуҷуд надоштааст. Яъне ӯ қурбони туҳмат шуда буд.
– Дар оилаи шумо дар бораи Нисор Муҳаммад чӣ гуна ёд мекарданд?
– Ӯ бештар ҳамчун шахси азизу гумшуда дар хотираи аҳли оила зинда буд. Дар бораи фаъолияти сиёсӣ ва давлатии ӯ камтар ҳарф мезаданд, аммо ҳама медонистанд, ки ӯ инсони донишманд ва омӯзгор будааст. Дар бораи ӯ бештар Анна Борисовна – ҳамсари дуюми Нисор, ки барои мо ҳамчун бибии ҳақиқӣ буд, нақл мекард. Анна Борисовна дар ҷавонӣ шогирди Нисор буд. Забони англисӣ ва чанд забони шарқиро медонист. Дар муассисаҳои бузурги иттилоотии шӯравӣ кор мекард. Бойгонии боқимондаи Нисор Муҳаммад дар дасти ӯ нигоҳ дошта мешуд. Дар он солҳо, ҳатто дар муҳити оила бисёр чизҳоро ошкор намегуфтанд, аммо эҳтиром нисбат ба номи Нисор ҳамеша вуҷуд дошт.
Фарзандони Нисор Муҳаммад
– Сарнавишти фарзандони Нисор Муҳаммад чӣ гуна сурат гирифт?
– Нисор Муҳаммад дар Иттиҳоди Шуравӣ ду маротиба издивоҷ кардааст. Аввал бо Вера, баъдан бо Анна. Ӯ се духтар ва як писар дошт.
Духтари калонӣ Ирина Нисоровна соли 1923 дар Тошканд ба дунё омадааст. Пас аз боздошти падар ҳамроҳи модараш Вера ба Ӯзбекистон баргашт. Дар Намангон зиндагӣ кард. Солҳои охири умраш дар Минералние Води гузаштааст. Як умр мураббии кӯдакистон буд. Ӯ се духтар дошт – Ирина, Татяна ва Нина.
Баз Нисорович – писари Нисор Муҳаммад соли 1926 дар Самарқанд таваллуд шудааст. Ӯ Донишкадаи хоҷагии оби Москваро хатм кард ва яке аз мутахассисони маъруфи соҳаи мелиоратсия буд. Солҳои зиёд роҳбари низоми обёрии Тереку Қум буд ва унвони «Мелиоратори хизматнишондодаи РСФСР»-ро гирифт. Баъдтар сармелиоратори тамоми кишвари Ставропол шуд. Мутаассифона, барвақт, дар синни 56-солагӣ аз бемории гурда даргузашт.
Духтари сеюм Гулнор Нисоровна – модари ман аст. Ӯ соли 1932 дар Душанбе таваллуд шудааст. Баъдан тамоми умр дар Москва зиндагӣ кард. Факултаи ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии Москваро хатм намуда, қариб чил сол дар Институти «Гидропроект» фаъолият кард.
Духтари хурдӣ Нора низ тамоми умр дар Москва зиндагӣ кард ва маҳз ӯ дар солҳои бозсозӣ барои омӯзиши сарнавишти падараш бисёр кӯшиш намуд.
– Дар баъзе манбаъҳо дар бораи фарзанди Нисор Муҳаммад дар Покистон низ маълумот нашр шудааст. Шумо дар ин бора чӣ назар доред?
– Ман шахсан дар ин бора вақте режиссёр Сафарбеки Солеҳ дар бораи бобоям филми ҳуҷҷастӣ сабт мекард, хабардор шудам. То ҷойе медонам, дар ҳақиқат пеш аз омадан ба Иттиҳоди Шуравӣ Нисор Муҳаммад дар Пешовар зиндагӣ мекард ва хешовандонаш дар он ҷо монда буданд. Гӯё бобоям дар он ҷо ҳамсар ва як писар бо номи Содиқ доштааст. Аммо дар бораи бисёр ҷузъиёти ин қисмати зиндагии ӯ маълумоти дақиқ кам аст.
– Дар як мақола хондам, ки солҳои навадум ду духтари Нисор Муҳаммад ба Покистон сафар карда будаанд…
– Ин бештар ба афсона монанд аст. Зеро ду духтари ӯ Гулнор ва Нора тамоми умри худро дар Москва гузарониданд. Духтари калонӣ Ирина бошад, то соли 1969 дар Намангон зиндагӣ мекард ва баъд ба Минералние Води кӯчид. Дар оилаи мо дар бораи чунин сафар ҳеҷ гоҳ касе ҳарф назадааст.
Хотира
– Боздошти Нисор Муҳаммад ба зиндагии фарзандонаш чӣ таъсир гузошт?
– Ин фоҷиа барои тамоми оила буд. Пас аз боздошти Нисор ҳамсари аввалаш Вера ба Москва омад ва Иринаву Базро бо худ ба Тошканд бурд. Модари ман Гуля бошад, дар Москва бо Анна Борисовна ва хоҳари хурдӣ Нора монд. Хушбахтона, онҳо ба ятимхона ҳамчун фарзандони «душмани халқ» фиристода нашуданд.
– Оё авлоди Нисор Муҳаммад имрӯз ҳам хотираи ӯро ҳифз мекунанд?
– Албатта. Соли 2013 бори аввал ба муносибати ёдбуди бобоямон ҷамъ омадем. Моро коргардон ва ходими маъруфи фарҳанг Давлат Худоназаров дар Маскав сарҷамъ кард. Баъдтар, соли 2018 коргардон Сафарбеки Солеҳ ҳангоми таҳияи филми мустанади худ бо бисёре аз мо мулоқот кард. Имрӯз мо пайвандони Нисор Муҳаммад кӯшиш мекунем, ки хотираи бобоямонро ҳифз кунем, аксҳои боқимондаро дар хонаҳоямон нигоҳ дорем ва ба фарзандону наберагон аз таърихи оилаи худ бигӯем.
– Оё касе аз авлоди Нисор Муҳаммад ба Тоҷикистон омадааст?
– Бале. Мо медонем, ки кӯчаи Чехов дар Душанбе ба номи Нисор Муҳаммад гузошта шудааст. Яке аз аберагони ӯ – Екатерина чанд сол қабл бо сафари корӣ ба Душанбе рафта буд. Ӯ дар назди лавҳаи кӯчаи Нисор Муҳаммад акс гирифтааст. Барои ҳамаи мо донистани он ки Тоҷикистон хотираи бобоямонро пос медорад, хеле муҳим аст.
– Хонум Софя, имрӯз агар ба зиндагӣ ва фаъолияти бобоятон назар афканед, ба фикри шумо муҳимтарин хизмати ӯ барои Тоҷикистон аз чӣ иборат буд?
– Ман таърихшинос нестам, аммо аз рӯи ҳуҷҷатҳо, китобҳо ва он чизе, ки дар бораи ӯ хондаам, чунин мешуморам, ки хизмати асосии Нисор Муҳаммад ба соҳаи маориф ва ҳифзи фарҳанги тоҷикон марбут аст.
Ӯ аз ҷумлаи одамоне буд, ки дар солҳои бисёр душвор зарурати рушди маорифро дарк мекард. Вақте ки Тоҷикистон ҳанӯз шабакаи густурдаи мактабҳо надошт, ӯ барои таъсиси муассисаҳои таълимӣ, омода кардани омӯзгорон ва нашри китобҳои дарсӣ талош мекард.
Барои ман ҷолиб аст, ки ӯ танҳо як сиёсатмадор набуд. Ӯ бештар худро омӯзгор ва маорифпарвар меҳисобид.
– Шумо дар бораи бойгонии оилавии Нисор Муҳаммад ёдовар шудед. Дар он чӣ гуна маводҳо нигоҳ дошта мешаванд?
– Афсӯс, ки бойгонии Нисор Муҳаммад соли 1937 пурра мусодира шудааст. Бархе аксҳо ва саҳифаҳои рӯзномаҳо, саҳифаҳои аз парвандаи Нисор Муҳаммадро Анна Борисовна нигоҳ медошт. Мо онҳоро ба ихтиёри Сафарбеки Солеҳ гузоштем, то дар филмаш истифода барад.
– Агар имрӯз имкони муроҷиат ба ҷавонони Тоҷикистонро медоштед, дар бораи Нисор Муҳаммад ба онҳо чӣ мегуфтед?
– Бобои ман дар Тоҷикистон таваллуд нашудааст, аммо сарнавишти худро бо Тоҷикистон пайваст. Ӯ метавонист пас аз омаданаш ба Иттиҳоди Шӯравӣ метавонист ба фаъолияти омӯзгорӣ идома диҳад ва зиндагии осудаеро ихтиёр кунад, аммо роҳи дигарро пеш гирифт – роҳи хизмат ба мардуми тоҷик, рушди маорифи тоҷик ва бунёди давлати Тоҷикистон. Имрӯз ҷавонон бояд донанд, ки пешрафти ҳар миллат пеш аз ҳама аз дониш, фарҳанг ва маориф оғоз мешавад.
Нисор Муҳаммад маҳз ба ҳамин арзишҳо бовар дошт. Шояд барои ҳамин, баъд аз қариб як аср мардум ҳанӯз номи ӯро ба некӣ ёд мекунанд ва Президенти Тоҷикистон хоки мазори ӯро ба Душанбе мекӯчонад…
Поёни талх
Нисор Муҳаммад соли 1932 ба аспирантураи Институти шарқшиносии ба номи Наримонови шаҳри Москва дохил шуда ва ҳамзамон, дар ин даргоҳ аз забонҳои урду ва пашту дарс мегуфт. Моҳи октябри соли 1937 ӯ ба ҳабс гирифта шуд ва дар қатори ҳазорон нафари дигар қурбони таъқиботи сталинӣ гардид. Ҷасади Нисор Муҳаммадро (чанд рӯз қабл аз Шириншоҳ Шоҳтемур) дар оташдони Оромгоҳи Донскойи Москва сӯзонида, хокистарашро ба Қабристони умумӣ партофтанд…
Паём ба Софя
Рӯзи 30-юми май банда ба зиёрати Оромгоҳи Лучоб рафтам. Он рӯз даҳҳо нафар аз аҳли фарҳанги кишвар низ ба хотири арҷгузорӣ ба хотираи неки Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад омада буданд. Ин лаҳзаҳоро навор гирифта, ба Софя Кизас – набераи Нисор Муҳаммад фиристодам. Ҳамчунин, намои Лучобро навор гирифта, дар бораи ин Оромгоҳ ба ӯ маълумот додам.
Софя дар посух навишт:
– Навори фиристодаи шуморо ба ҳама пайвандони Нисор Муҳаммад фиристодам. Орзу дорам, ки рӯзе имкон даст диҳаду ин маконро зиёрат кунам…
Одил НОЗИР,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ