76 соли зиндагӣ, эҷод ва хидмат ба ҷаҳони кӯдакон (видео)

Имрӯз Латофат Кенҷаева – шоир, рӯзноманигор, нависанда ва яке аз фаъолтарин ҳомиёни адабиёти кӯдакони тоҷик ба синни 76 расид. Ӯ 8 июни соли 1950 ба дунё омадааст.

Латофат Кенҷаева баъди хатми мактаби миёна, соли 1967 ба шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1972 онро бо дипломи аъло хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатии худро дар шуъбаи адабӣ-драмавии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон оғоз намуд.

Аз соли 1981 инҷониб ӯ дар маҷаллаи ҷавонону наврасон «Истиқбол» — собиқ «Машъал» – ба ҳайси сардабир фаъолият мекунад. Соли 1996 назди маҷалла Ташкилоти кӯдакони соҳибистеъдоди ҷумҳурӣ бо номи «Истиқбол»-ро таъсис дод. Ин ташкилот соли 2008 мақоми Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалиро гирифт ва Латофат Кенҷаева то имрӯз раиси он мебошад.

Латофат Кенҷаева на танҳо бо эҷоди шеър, ҳикоя ва китобҳои кӯдакона шинохта шудааст, балки ҳамчун ношир низ дар рушди адабиёти кӯдакон саҳми арзанда дорад. Ӯ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 500 номгӯ китобро бо теъдоди умумии 1 миллиону 700 ҳазор нусха ба нашр расонидааст.

Номбурда муаллифи маҷмӯаҳои «Лолаарӯсак», «Таронаҳо», «Марҷони ранга», «Шарораи хотираҳо», «Сандуқчаи марворид», «Мусича ва Дурдона», «Нома ба бародар», «Гурбаи Сомон ва чӯҷаи Ораш», «Афсонаи Тиллонур», «Гаҳвораҷунбон», «Садбарги ҳаё» ва як қатор китобҳои дигар мебошад. Ҳамчунин дар тарҷумаи осори адибони ҷаҳон низ саҳм гузоштааст.

Латофат Кенҷаева аз ҷумлаи он шахсиятҳоест, ки умри худро ба тарбияи завқи китобхонӣ, рушди истеъдоди кӯдакон ва пешрафти адабиёти бачагона бахшидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *