Тағйирот дар фаъолияти бозори «Корвон»

Минбаъд бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе рӯзҳои ҷумъа низ барои харидорон боз хоҳад буд. Пештар ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа дар бозор корҳои тозагӣ ва беҳдоштӣ гузаронида шуда, фаъолияти он муваққатан қатъ мегардид.

Тибқи тартиби нав, танҳо душанбеи аввали ҳар моҳ ҳамчун рӯзи беҳдоштӣ муайян шуда, дар ин рӯз бозор барои гузаронидани корҳои санитарӣ баста мешавад.

Масъулини бозор мегӯянд, тағйирот бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои фурӯшандагон ва харидорон роҳандозӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *