Ба Абулқосим Лоҳутӣ ва Сотим Улуғзода унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ба ду чеҳраи бузурги адабиёти тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ ва Сотим Улуғзода унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шавад. Дар ин бора раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим 18 сентябр дар анҷоми маҳфили илмию адабӣ бахшида ба 115 солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода хабар дод.

“Аз Ҳукумати кишвар барои тарҳрезии барномаҳои ояндаи давлатӣ аз мо пешниҳод пурсиданд. Мо аз ҷумла пешниҳод кардем, ки ба ду адиби бузурги мо – устодон Аблуқосим Лоҳутӣ ва Сотим Улуғзода унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад, зеро хидматҳои эшон сазовори ин унвон аст. Дар ин бора аллакай Пешвои миллат медонанд” – гуфт Низом Қосим.

Ҳамчунин, Низом Қосим дар ҳамоиши бузургдошти Сотим Улуғзода аз паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва эҷодиёти Сотим Улуғзода ёдовар шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҷасорати эҷодӣ, маҳорати суханварӣ, интихоби мавзуҳои таърихӣ ва офаридани қаҳрамонҳои барҷаста боис шудаанд, ки осори Улуғзода дар адабиёти муосири тоҷик ҷойгоҳи хос дошта бошад.

«Сабақҳои устод Улуғзода»

Гузоришгари асосии маҳфил нависанда Равшан Махсумзод буд. Ӯ дар маърӯзаи худ таҳти унвони «Сабақҳои устод Улуғзода» ба марҳилаҳои асосии эҷодиёти нависанда, романҳо, қиссаҳо, драматургия ва қаҳрамонҳои офаридаи ӯ таваҷҷуҳ кард.

Ба таъкиди ӯ, осори Улуғзода танҳо ҳикояти рӯйдодҳои гузашта нест. Адиб бо рӯ овардан ба таърих масъалаҳои ҳувият, ватандорӣ, озодӣ, номус ва сарнавишти миллатро ба миён гузоштааст. Романҳои «Восеъ» ва «Фирдавсӣ», «Ривояти суғдӣ» ва дигар асарҳои ӯ маҳз ба ҳамин сабаб то имрӯз мавриди омӯзиш қарор доранд.

Равшан Махсумзод зикр кард, ки сабақи Улуғзода пеш аз ҳама дар масъулият нисбат ба сарнавишти миллат, таҳқиқи амиқи мавзуъ ва эҳтиром ба ҳақиқати таърихӣ нуҳуфтааст.

Абдулҳамид Самад: «Ёдбуди Улуғзода бояд ид бошад»

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад аз чанд мулоқоти хотирмони худ бо Сотим Улуғзода қисса кард. Ӯ бо эҳсоси хос гуфт:

«Ёдбуди Улуғзода бояд ид бошад ва ид ҳам ҳаст. Дар бораи устод Улуғзода суҳбат кардан ифтихор аст. Банда устодро ҳам аз наздик ва ҳам ба воситаи асарҳояшон мешинохтам».

Нависанда Абдулҳамид Самад аз хотироти соли 1971 аз таҷлили ҷашни 60-солагии нависанда қисса кард. Ӯ гуфт ки он сол гурӯҳе аз адибони ҷавон, аз ҷумла Ғоиб Сафарзода ва Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, бо гулу мева ба хабаргирии Улуғзода рафтаанд, вале нависандаро дар хонааш намеёбанд. Як кӯдаки ҳамсоя мегӯяд, ки Сотим Улуғзода ба хонаи Ҷалол Икромӣ рафтааст.

“Дарро ба рӯйи мо ҳамсари устод Икромӣ холаи Саодатхон кушод ва моро бо гулҳову дастовез дида гуфт: «Сотимхон, бинед, шумо гуфтед, ки ҳама маро фаромӯш кард, вале бинед, ки ҷавонон ба хабаргирии шумо омадаанд».

Хотираи дигари ӯ ба ҷашни 80-солагии Сотим Улуғзода дар соли 1991, рост меояд. Гурӯҳе аз адибон тасмим мегиранд ҷашни нависандаро дар “Кохи Борбад” бошукӯҳ баргузор кунанд. Аммо худи Улуғзода розӣ намешавад.

Ба нақли Абдулҳамид Самад, нависанда гуфтааст:

«Дар чунин шароит, ки кишвар ноором асту мардум бесарусомон, оё мезебад, ки ман дар саҳна баромада нишинам ва ҷашн бигирам? Инро ба худам эб намебинам».

Абдулҳамид Самад ин тасмими нависандаро аз нишонаҳои ахлоқ, ғурур ва масъулияти иҷтимоии Сотим Улуғзода арзёбӣ кард. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки ҳангоми баррасии сарнавишти нависанда набояд танҳо ба қазияи фарзандаш Азиз таваҷҷуҳ кард:

«Фарзанди нависанда фарзанди маънавиаш аст, яъне асарҳояш. Ин барои мо муҳим аст». – гуфт номбурда.

Сабақи тарҷума

Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким низ аз мулоқотҳои худ бо Улуғзода ёд кард. Ӯ нақл кард, ки соли 1970 ҳамроҳи Ҳабибулло Файзулло ба хонаи нависанда дар Москва рафта буд ва дар рӯйи мизи кории ӯ «Дон Кихот»-и Сервантесро дидааст.

Аскар Ҳаким ба устод гуфтааст, ки тарҷумаи ин асар, хусусан суханони пур аз зарбулмасалу мақоли Санчо Пансо, ба тоҷикӣ кори бисёр душвор ва ҳатто имконнопазир аст. Сотим Улуғзода посух додааст: «Ин гапат дуруст, зӯр зада бинем, чӣ хел мешавад».

Аскар Ҳаким мегӯд, ки тарҷумаи “Дон Кихот” яке аз беҳтарин тарҷумаҳо дар адабиёти тоҷик аст ва устод Улуғзода ба он муваффақ шудааст.

Ба андешаи Аскар Ҳаким, се омил шахсияти адабии Улуғзодаро барҷаста кардаанд: дониши амиқи таърих, ошноии васеъ бо адабиёти рус ва шинохти адабиёти Аврупо. «Бинобар ин, насри эшон ва шахсияти эшон беназир аст» – гуфт ӯ.

Ҷуръат дар адабиётшиносӣ

Академик Кароматулло Олимзода аз хидматҳои илмӣ ва адабиётшиносии Улуғзода сухан гуфт. Ба андешаи ӯ, насри нависанда дар ташаккули ифтихори миллӣ нақши муассир гузоштааст.

Олимзода махсусан ба ҷуръати илмии адиб таваҷҷуҳ кард. Ӯ гуфт, дар замоне ки ҳатто ном бурдани Зуфархон Ҷавҳарӣ мушкил буд, Улуғзода дар мақолае дар бораи Суҳайлӣ Ҷавҳаризода аз падари ӯ – Зуфархон Ҷавҳарӣ бо эҳтиром ва баҳои баланд ёд кардааст.

Ин, ба гуфтаи академик, нишон медиҳад, ки Улуғзода дар арзёбии таърихи адабиёт пеш аз ҳама ба ҳақиқати илмӣ такя мекард.

Сотим Улуғзода ва синамои миллӣ

Нависанда Абдурофеъ Рабизода ба саҳми Улуғзода дар ташаккули синамои тоҷик таваҷҷуҳ намуда, таъкид кард, ки филмномаҳои ӯ низ мисли насраш рӯҳияи миллии қавӣ доштанд. Ӯ аз таърихи ба навор гирифтани асарҳои марбут ба Ибни Сино, Рӯдакӣ ва Восеъ ёд кард ва гуфт:

«Ҳама филмҳое, ки эшон навишта буданд, ғурури баланди миллӣ доштанд».

Ба гуфтаи Рабизода, татбиқи бархе аз ин тарҳҳо осон набуд ва бадхоҳон монеъи сабти филмҳо аз рӯйи асарҳои Сотим Улуғзода мешуданд. Ҳамин аст, ки “Ибни Сино”-ро “Тоҷикфилм” рад мекунад ва Комил Ёрматов онро дар “Ӯзбекфилм” ба навор мегирад. “Қисмати шоир” ҳам ба мушкилӣ рӯйи навор меояд. Аммо бо вуҷуди мушкилот, филмҳое, ки аз рӯйи осор ва филмномаҳои Улуғзода офарида шуданд, дар рушди синамои миллӣ ҷойгоҳи муҳим пайдо карданд.

Драматург Ато Ҳамдам низ ба ҳамин паҳлуи фаъолияти Улуғзода дахл карда, ҳамзамон як хотираи ҷолибро баён намуд. Ба гуфтаи ӯ, дар замоне ки Улуғзода бар асари қазияи писараш бо маҳдудиятҳо рӯ ба рӯ буд, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» мулоқоти ғоибонаи нависандаро бо хонандагон ташкил кардааст.

«Се соате, ки мулоқоти ғоибона бо устод баргузор шуд, ҷавонон аз чор тараф занг мезаданд. Устод ҳамеша аз муҳаббати мардум ва хонандагон бархӯрдор буданд», – гуфт Ато Ҳамдам.

Нависанда Абдулҳамид Самад ва Ато Ҳамдам ҳамчунин аз саҳми Улуғзода дар драматургия ва синамо, аз ҷумла осори марбут ба «Сино», «Рӯдакӣ», «Восеъ», «Алломаи Адҳам» ва «Гавҳари шабчароғ» ёдовар шуданд.

Улуғзода дар зодгоҳаш

Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода аз сафарҳои худ ба зодгоҳи нависанда ва эҳтироми мардуми Ӯзбекистон ба Улуғзода сухан гуфт.

Ӯ нақл кард, ки замони фаъолияти дипломатияш ба деҳаи Варзики ноҳияи Чусти Ӯзбекистон рафта, дар таҷлили 110 – солагии нависанда иштирок кардааст. Бо пешниҳоди ӯ Маркази маънавии тоҷикони Чуст ба номи Сотим Улуғзода гузошта шудааст.

«Дар зодгоҳаш устод Улуғзодаро дӯст медоранд ва пос медоранд» – таъкид кард академик Раҳмонзода.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир бошад, ба маҳфил ранги бадеӣ бахшида, ашъори Бозор Собирро, ки ба Сотим Улуғзода бахшида шудаанд, бо эҳсоси баланд қироат кард.

Пешниҳоди унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон»

Дар анҷоми маҳфил Низом Қосим аз пешниҳоде хабар дод, ки метавонад баҳси тозаеро дар муҳити фарҳангии кишвар ба миён оварад.

Ба гуфтаи ӯ:

«Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули барномаҳои оянда аз мо тавсия пурсиданд. Мо пешниҳод кардем, ки ба ду адиби тавоно, ки барои миллати тоҷик хидматҳои бедареғ кардаанд, унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад. Инҳо Абулқосим Лоҳутӣ ва Сотим Улуғзода ҳастанд, ки ҳар ду ба ин унвон меарзанд».

Шинохти Сотим Улуғзода

Сотим Улуғзода – 1 сентябри соли 1911 дар деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Фарғона ба дунё омадааст. Соли 1929 Дорулмуаллимини тоҷикии Тошкандро хатм карда, соли 1930 ба Душанбе омадааст. Ӯ нависанда, драматург, тарҷумон ва адабиётшинос буда, романҳои «Диёри Навобод», «Восеъ», «Фирдавсӣ», қиссаҳои «Субҳи ҷавонии мо», «Ривояти суғдӣ», намоишномаҳои «Шодмон», «Калтакдорони сурх», «Темурмалик», «Алломаи Адҳам», инчунин филмномаҳои марбут ба Ибни Сино ва Рӯдакиро офаридааст.

Улуғзода Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон буд. Ӯ 25 июни соли 1997 дар Москва даргузашт. Ҷасадаш ба Душанбе оварда шуда, 29 июн дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд.

Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *