Душанбе мизбони Форуми минтақавии ITU оид ба рушди алоқа мешавад

Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 29 – 30 сентябри соли 2026 Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) оид ба рушди минтақаи ИДМ баргузор мешавад.

Дар доираи ин чорабинӣ ҳамзамон ҷаласаҳои муштараки Шурои сарони маъмурияти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа (RCC) ва Шурои ҳамоҳангсозии давлатҳои иштирокчии ИДМ оид ба иттилоотонӣ баргузор хоҳанд шуд.

Ба иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар нишастҳо роҳбарони мақомоти соҳавии давлатҳои ИДМ ва директори Бюрои рушди алоқаи барқии ITU иштирок мекунанд.

Дар ҷаласаҳо масъалаҳои рушди зерсохтори муосири телекоммуникатсионӣ, суръатбахшии рақамикунонӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, таҳкими амнияти киберӣ ва устувории шабакаҳои алоқа баррасӣ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *