Се рӯз маҳдудияти ҳаракати мошин дар роҳҳои вилояти Суғд (видео)

Рӯзҳои 20, 22 ва 23 сентябри соли равон дар як қатор роҳҳои вилояти Суғд ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд мешавад.

Тибқи иттилои БДА, маҳдудиятҳо ба шаҳрҳои Бӯстон, Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дахл дошта, ба таъмини амнияти сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон марбут мебошад.

20 сентябр ҳаракат дар кӯчаҳои марказии Бӯстон, шоҳроҳи Хуҷанд – Бобоҷон Ғафуров, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ ва Гагарини Хуҷанд, инчунин кӯчаи марказии ҷамоати Усмонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳдуд мешавад.

22 сентябр маҳдудият дар кӯчаи марказии Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд–Бобоҷон Ғафуров ва кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Фирдавсӣ, Гагарин, Сирдарё, маҳаллаи Навбаҳор ва Раҳмон Набиевро фаро мегирад.

23 сентябр ҳаракат дар кӯчаҳои марказии Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд–Бобоҷон Ғафуров ва қитъаи кӯчаи Исмоили Сомонӣ то чорроҳаи Ҳоҷиев маҳдуд хоҳад шуд.

Вақти дақиқи маҳдудиятҳо ҳанӯз эълон нашудааст. Аммо мақомот аз сокинон ва меҳмонон хостаанд, ки дар рӯзҳои зикршуда бидуни зарурат ба сафар набароянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *