Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ: «Шоҳнома» сипари фарҳангии мост!

Доктор Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ аз чеҳраҳои шинохтаи адабиётшиносии Эрон, муҳаққиқи «Шоҳнома» ва устоди Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад аст. Ӯ беш аз ним аср дар пажӯҳиши адабиёти форсӣ, мероси Фирдавсӣ, таърихи насри форсӣ ва робитаҳои фарҳангии Эрону Тоҷикистон фаъолият дорад. Ёҳақӣ Тоҷикистонро аз солҳои нахустини Истиқлол мешиносад, беш аз сӣ бор ба кишвари мо омадааст ва дар муаррифии осори донишмандони тоҷик дар Эрон саҳм гузоштааст. Айни замон устод Ёҳақӣ дар Тоҷикистон ҳастанд ва дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Истиқлол ширкат доранд. Бо эшон суҳбате оростем, ки фишурдаи он манзури шумо мешавад. 

– Устод, дар рӯзҳое, ки Эрон мавриди ҳамлаҳои мусаллаҳона қарор гирифт, мушоҳида кардам, ки эрониён бештар ба «Шоҳнома» рӯ оварданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи ҳуши маснуӣ гоҳ Рустамро “зинда” мекарданду гоҳ “Исфандиёр”-ро. Чӣ асроре дар ин асар ҳаст, ки ҳар гоҳ мушкиле пеш меояд, мардум ба он паноҳ мебаранд?

– Чун ин душворӣ ба сарзамини мо, ба ҳувияти мо марбут буд. Вақте сарзамину ҳувияти мо дучори хатар мешавад, мо ба «Шоҳнома» рӯ меорем, зеро «Шоҳнома», тавре устод Гулрухсор мегӯяд – Ватан аст. Вақте ватан дар маърази хатар қарор мегирад, инсон мекӯшад худро бештар ҳифз кунад. Худи «Шоҳнома» ҳам дар давраҳои душвор ба вуҷуд омадааст. Ҳам дар давраҳое, ки ривоятҳои он шакл мегирифтанд ва ҳам дар замоне, ки Фирдавсӣ онро ба назм медаровард, ҳувияти эронӣ ва забони форсӣ дар маърази хатар буданд. «Шоҳнома» барои ҳифзи ҳувият, забони форсӣ ва ҳувияти ватанӣ ба вуҷуд омад ва ин арзишҳоро дар баробари таҳоҷуми душманон ҳифз кард. Имрӯз ҳам вақте чунин иттифоқе меафтад, мо ба «Шоҳнома» рӯ меорем, то худро дар баробари хатарҳо бима кунем. «Шоҳнома» моро дар баробари ҳаводис, мушкилот, таҳдидҳо ва таарузҳо муқовим мекунад ва ин рӯҳия барои ҷомеа бисёр муҳим аст.

Албатта, дар Эрон қаблан ҳам таваҷҷуҳ ба «Шоҳнома» зиёд буд, вале ин ҷанг боиси бозгашти бештар ба он шуд. Ҳатто дӯстони Эрон низ ба «Шоҳнома» рӯ оварданд. Дар ҷангҳои классикӣ аскарону афсарон сипар доранд, «Шоҳнома» сипари фарҳангии мост.

– Тоҷикистон низ дар ин авохир ба «Шоҳнома» рӯ меорад. Бо тасмими Президенти Тоҷикистон ин асар ба ҳар хонаводаи кишвар тақдим шуд. Ҷомеаи илмиву фарҳангии Эрон ин иқдоми раисҷумҳури моро чӣ гуна қабул карданд?

– Ин пеш аз ҳама нишонаи таваҷҷуҳ ба худ ва ҳувияти худ аст. Албатта, маънояш ин нест, ки узви ҳар хонавода ҳатман тамоми «Шоҳнома»-ро бихонад. Аммо ҳузури «Шоҳнома» дар ҳар хонавода худ як рамз аст, рамзи пайванд бо гузаштаи худ, бо фарҳанг ва ҳувияти худ. Дер ё зуд, касе аз аҳли хона ин китобро мехонанд. Ҷомеаи илмиву фарҳангии Эрон аз ин тасмим истиқбол кард. Дар суханрониҳо ва суҳбатҳо низ борҳо аз он ёд шуд. Дар Эрон ҳамеша «Шоҳнома» мехонданд. Дар ҳар шаҳр мумкин аст 10-15 маҳфили «Шоҳномахонӣ» бошад. Омӯзиши «Шоҳнома» ва шинохти он солҳост идома дорад. Аммо ба ҳар хона тақдим шудани «Шоҳнома» кори бисёр наҷиб аст.

– Таърих мову шуморо аз ҳам ҷудо кард ва имрӯз талош мекунем пайвандҳоро дубора тақвият диҳем. «Шоҳнома» дар ин роҳ чӣ нақш дошта метавонад?

– Робитаҳои илмии мо ҳанӯз маҳдуданд. Ҳатто агар донишмандони мо якҷо ҳам бошанд, масъалаи хат монеа эҷод мекунад. Аммо «Шоҳнома» хати иртиботи мову шумост. Он мисли таноб ё нахест, ки мову шуморо ба ҳам мепайвандад. Ин заминае поянда ва пойдор аст.

«Шоҳнома» дар умқи фарҳанги мост, дар тамоми аҷзои фарҳанги мост. Ман «Шоҳнома» мехонам, шумо ҳам мехонед. Бинобар ин, он яке аз муҳкамтарин василаҳои пайванд аст.

Агар дар бораи робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон бигӯем, ба назар мерасад, ки ҳанӯз ҳамдигарро ба қадри кофӣ намешиносем. Чаро?

– Мутаассифона, дар Эрон сиёсатҳои нодурусти гузашта ба ин масъала таъсири зиёд гузоштаанд. Режими пешини Эрон бо Амрико наздик ва бо Иттиҳоди Шӯравӣ дар рақобат буд. Тоҷикистон низ ҳамчун бахше аз Иттиҳоди Шуравӣ шинохта мешуд. Дар давраи ҷавонии мо худи калимаи «Шуравӣ», «коммунист», номҳои Ленин ва Сталин бо як фазои тарс ва душманӣ ҳамроҳ буданд. Равуои аҳли фарҳанг низ бисёр маҳдуд буд. Танҳо шумораи ками одамон имкони сафар доштанд.

Аз ҳамин сабаб то чанд даҳсола пеш Тоҷикистон барои бисёре аз мардуми Эрон кишвари ношинохта буд.

Пас аз Истиқлоли Тоҷикистон ин мушкил оҳиста-оҳиста рафъ шуд. Мардуми мо ба Тоҷикистон иштиёқ доранд, аммо расонаҳои Тоҷикистон дар Эрон ҳанӯз он қадар шинохта нестанд. Яке аз сабабҳо ҳамин фарқи хат аст. Ёдам ҳаст, вақте кӯдак будам, радиои тоҷикро мешунидем. Баъдан миёни мо деворҳое пайдо шуданд, ки хушбахтона имрӯз бисёре аз онҳо аз байн рафтаанд. Ман бо боварӣ мегӯям, ки ҳар касе аз Эрон ба Тоҷикистон омадааст, ин кишварро дӯст доштааст ва орзу кардааст, ки боз биёяд. Имрӯз иртиботи ҳавоӣ ҳаст. Агар иртиботи заминӣ низ осонтар шавад, боз беҳтар хоҳад буд. Масалан, Машҳад аз назари ҷуғрофиёӣ ба Тоҷикистон хеле наздик аст.

– Тоҷикистон ҳам назми қавӣ дорад ва ҳам насри арзишманд. Аммо адабиёти муосири тоҷик дар Эрон ҳанӯз кам шинохта шудааст.

– Бале, ҳамон омилҳое, ки гуфтам, ба ин масъала ҳам таъсир гузоштаанд. Тақрибан 30 сол қабл ман китобе навишта будам бо номи “Чун сабӯи ташна”, ки як бахши он ба адабиёти муосири тоҷик бахшида шудааст. Вақте онро назди ношир бурдам, ӯ пурсид: «Инҳо кистанд?». Ҳатто пешниҳод кард, ки он бахшро ҳазф кунем. Аммо ман исрор кардам, ки бояд чоп шавад. Имрӯз вазъ беҳтар шудааст. Дар Эрон дар бораи адабиёти Тоҷикистон навиштаанд ва таҳқиқ кардаанд, вале табиист, ки тамоми ин адабиётро якбора бозгардонӣ ва муаррифӣ кардан осон нест. Ҳоло ҳатто нашриёте дорем, ки махсус адабиёти Осиёи Миёнаро чоп мекунад. Китобҳои тоҷикон низ дар Эрон нашр мешаванд. Ин раванд рӯ ба беҳбудӣ дорад.

Шумо худатон Тоҷикистонро кай шинохтед?

– Аз кӯдакӣ. Радио гӯш мекардам, ки ба забони форсӣ мегуфт: «Ин ҷо Сталинобод, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон». Барои ман бисёр ҷолиб буд. Бо худ мегуфтам: “Ин Сталинобод, ки пойтахти Тоҷикистон аст, куҷост?”. Ин суол ҳамеша дар зеҳнам буд. Соли 1994, вақте шунидам, ки дар Тоҷикистон ҳазораи Фирдавсӣ баргузор мешавад, азм кардам биёям. Мо бо як ҳавопаймои вижа омадем. Аз Машҳад ман танҳо будам. Он замон Тоҷикистон даргири ҷанги шаҳрвандӣ буд. Аммо ман вақте ба Тоҷикистон расидам, ошиқи ин кишвар шудам. Ҳатто ашк мерехтам, ки билохира он кишвареро, ки солҳо дар тасаввурам буд, мебинам. Гарчанде шароити зиндагӣ он солҳо бисёр душвор буд, мо гӯё ин мушкилотро намедидем.

Яъне то соли 1994 бо адабиёт ва адибони Тоҷикистон чандон ошно набудед?

– Аз тариқи китоби Саид Нафисӣ дар бораи Рӯдакӣ баъзе маълумот доштам. «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ ҳам дар Эрон чоп шуда буд ва ман онро хонда будам. Аммо дигар шоирону нависандагон ва донишмандони Тоҷикистонро қариб намешинохтам.

Баъдан худи шумо барои даъват ва муаррифии бисёре аз донишмандони тоҷик дар Эрон талош кардед…

– Бале, хеле зиёд. Расул Ҳодизода, Аълохон Афсаҳзод, Ҷӯрабек Назрӣ, Мирзо Муллоаҳмад, Абдунабӣ Сатторзода, устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, Абдулқодир Маниёзов, Назирҷон Турсунов, Абдуманнони Насриддин ва донишмандони дигарро даъват кардем. Китобҳои баъзеи онҳоро ҳам чоп кардем. Худам ҳам беш аз 30 маротиба ба Тоҷикистон омадаам.

– Имрӯз ҳам имкони идомаи ҳамин равобити илмӣ ва даъвати донишмандони тоҷик вуҷуд дорад?

– Бале, албатта. Соли гузашта як гурӯҳ пажӯҳишгарони тоҷикро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ даъват кардем. Мо дар Эрон Рӯзи Рӯдакиро моҳи декабр ҷашн мегирем, шумо дар Тоҷикистон моҳи сентябр.

Он ҷо бо пешниҳоди устод Абдунабӣ Сатторзода суҳбат шуд, ки хуб аст ин барномаҳо бештар ба таври муштарак баргузор шаванд, яъне дар як рӯз. Ҳамкориҳо идома доранд. Фақат бояд бештар ба онҳо таваҷҷуҳ кунем. Зеро заминаи ин ҳамкорӣ вуҷуд дорад ва решаи он бисёр амиқтар аз муносибатҳои расмии имрӯз аст.

МАЪЛУМОТНОМА

Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ соли 1947 дар шаҳри Фирдавси Хуросони Ҷанубии Эрон ба дунё омадааст. Ӯ адабиётшинос, Фирдавсишинос, пажӯҳишгари «Шоҳнома» ва устоди мумтози Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад мебошад. Ёҳақӣ узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон буда, солҳои тӯлонӣ дар марказҳо ва тарҳҳои марбут ба Фирдавсӣ, «Шоҳнома» ва адабиёти Хуросон фаъолият кардааст. Ӯ муаллиф ва муҳаррири даҳҳо китоб ва садҳо мақолаи илмӣ аст. Аз осори маъруфаш «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ», «Чунин гуфт деҳқон», «Аз Пож то дарвозаи Разон», «Роҳнамои нигориш ва вироиш», «Сухани ошно», “Чун сабӯи ташна” ва пажӯҳишҳояш дар бораи «Таърихи Байҳақӣ» мебошанд.

Доктор Ёҳақӣ аз донишмандони эронист, ки робитаи тӯлонӣ бо муҳити адабиву илмии Тоҷикистон дорад. 8-уми сентябри соли 2026 ӯ ба узвияти расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пазируфта шуд.  

Мусоҳиб: Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *