Аз шеъри нимоӣ то шеъри дороӣ
14-уми сентябри соли 2026 Доро Наҷот – Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва саромади шеъри сапед ё нимоӣ дар Тоҷикистон аз олам даргузашт. Чанде пеш 80-солагии мавлуди устод Дороро дар Душанбе ва ноҳияи Айнӣ таҷлил карданд. Шоир ҳамон рӯзҳо низ бемор буд. Дар маҳфили бошукӯҳе, ки дар Иттифоқи нависандагон рӯзи 9-уми май баргузор шуд, ҳузур дошт, вале дар чорабиние, ки дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ баргузор гардид, ширкат карда натавонист…
Аз Урметан то мактаби бузурги сухан
Доро Наҷот пас аз хатми мактаби зодгоҳ ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод фаъолияти худро аз рӯзноманигорӣ оғоз кард. Дар рӯзномаҳои маҳаллӣ кор кард ва соли 1978 ба «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият»-и имрӯза) омад. То соли 1991 дар ин нашрия фаъолият дошт. Баъдан сардабири «Сомон», нашрияи Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ шуд ва солҳои дигар дар Ройзании фарҳангии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон кор кард. Ин Фаъолияти эҷодии Доро Наҷот аз охири солҳои 60-ум оғоз шуда, нахустин маҷмӯааш «Соҳиби кӯҳсор» соли 1979 чоп гардид. Баъдан «Шабнам», «Дарав», «Хирмани маҳтоб», «Тулуъе дар ғуруб», «Дар он сӯи хобҳо», «Маҳтобе хамида дар рукуъ», «Рӯйиш аз сукут», «Як кашкул ишқ», «Меоям аз шигифт» ва дигар китобҳояш ба табъ расиданд. Китобҳои «Лашкаркаши ишқ» ва «Дар кӯчаи Лайлӣ» дар Эрон низ нашр шуданд. Ахиран, бахшида ба 80-солагии шоир “Девони Доро” бо сарсухани Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ ба табъ расид.
Соли 2012 барои маҷмӯаи «Меоям аз шигифт» сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид ва соли 2016 унвони Шоири халқии Тоҷикистонро гирифт.
Аз шеъри суннатӣ то «шеъри дороӣ»
Ҷойгоҳи Доро Наҷотро пеш аз ҳама дар таҳаввули шеъри нави тоҷик бояд ҷуст. Низом Қосим зимни маҳфили 80-солагии шоир роҳи эҷодии ӯро ба масири таҳаввули худи шеъри тоҷик монанд карда буд: аз шеърҳои ибтидоии пайванддор бо замин, деҳа, кӯҳистон, падари чӯпон ва модари хонабон то ҷустуҷӯҳои навгароёнаи шеъри сапед. Ба андешаи ӯ, рӯ овардани Доро ба таҷрибаи шеъри муосири Эрон ба тақлид наанҷомид, балки шоир ин қолабро бо табиат, тафаккур ва забони тоҷикӣ омехт.
Ҳамин ҷиҳатро Фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон хеле дақиқ номгузорӣ кардааст: «Шеъри Доро шеъри нимоӣ нест, шеъри дороӣ аст, шеъри бисёр номукаррар, хос, бесобиқа, асил ва комилан тоҷикона».
«Шеъри дороӣ» танҳо бозии зебои калом нест. Ин таъбир моҳияти сабки Доро Наҷотро мекушояд. Ӯ аз Нимо Юшиҷу таҷрибаи шеъри нави форсӣ омӯхт, вале кӯшид, ки садои дигаре дошта бошад, ки онро метавон ба садои Зарафшон, кӯҳистон, таърихи халқи тоҷик, асотири эронитаборон ва забони зиндаи мардум пайванд дод.
Дар шеъри ӯ тасвир баъзан дар як ҷумла ҷамъ мешавад.
Масалан:
«Сарлашкарам дар набарди ишқ…».
Ин «сарлашкар» дар идомаи шеър ҳамзамон нозукӣ ва масъулияти инсонро эҳсос мекунад. Қудрат бо осебпазирӣ паҳлуи ҳам меистанд, ки ин дар дигар шеърҳои шоир ҳам ҳаст ва онро метавон яке аз усулҳои дӯстдоштаи шоир арзёбӣ кард.
Дар «Ориёно» бошад, таърих, ҳувият ва устура ба забони шеъри модерн медароянд:
Ориёно!
Ай таҳранги ноби осмони тамаддун!
Дуруд, мар турову дурахши кайгоҳи туро
аз Толори ойинаҳо,
к-орастаӣ
каёранги худишро
ба зулоли бомдоди авастоии Худо!…
Муҳаққиқ Анзурат Маликзод бар ин назар аст, ки Доро Наҷот ба шеъри нави тоҷикӣ на танҳо тасвири тоза, балки захираи нави вожагонӣ ворид кард. Вожаҳои камкорбурди форсии тоҷикӣ, луғоти маҳаллӣ ва сохтаҳои нави шоирона дар ашъораш ба ҷузъи сабк табдил ёфтанд. Ӯро аз ҳамин ҷиҳат «шоири забонсоз» номидаанд.
Вале устод Доро Наҷот фақат шеъри сапед нагуфтааст. Ӯ яке аз беҳтарин гӯяндагони шеъри суннатӣ ҳам буд. Ин шеърҳо дар маҷмӯаҳои солҳои аввали шоир нашр шуда, хуб истиқбол ҳам ёфтаанд ва сарояндагони номвар солиёни зиёдест, ки онҳоро мехонанд.
Аз ҷумла устод Зафар Нозим:
Нест асло марги мо нобуди мо,
Дар фанои мо бувад мавҷуди мо...
Ва устод Афзалшоҳи Шодӣ:
Ман худамро борҳо мирондаам,
Зиндагиро борҳо гирёндаам.
Хидматҳои дигари Доро Наҷот
Хизмати дигари бузурги устод Доро Наҷот фарҳангнигорӣ аст.
Соли 2012 нашри аввали «Фарҳанги Доро» бо беш аз панҷ ҳазор воҳиди луғавӣ чоп шуд. Шоир солҳои зиёд онро такмил дод ва соли 2021 варианти дуҷилдаи онро бо фарогирии беш аз 25 ҳазор вожа, истилоҳ, таркиб ва ибора ба нашр расонд. Барои ин кор ӯ садҳо осори бадеӣ, фарҳангҳои кӯҳану нав, манбаъҳои решашиносӣ ва таҳқиқоти забоншиносиро мутолиа кардааст.
Худи Доро Наҷот гуфта буд, ки барои таҳияи ин фарҳанг тақрибан 25 сол ҷустуҷӯ кардааст. Шоир гуфта буд, ки барои ин кор ангеза он буд, ки замоне бархе доварон вожаҳои ашъори сапедашро душворфаҳм донистанд. Шоир дар посух ба ҷустуҷӯи решаву маънии ҳамин вожаҳо амиқтар рафт ва ин роҳ оқибат ба фарҳангнигорӣ расид.
Доро Наҷот ҳамчунин ба тарҷумаи бадеӣ низ машғул шудааст. Осори Александр Блок, Фёдор Тютчев, Анна Ахматова, Михаил Дудин, Дмитро Павличко, Омон Матчон ва дигаронро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ҳамчун рӯзноманигор, тавре ишора шуд, солиёни зиёд фаъолият карда, осори арзишманди публитсистӣ таълиф кардааст.
Ёдаш ба хайр!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ