Коргардоне, ки театри тоҷикро берун аз марзҳо муаррифӣ кард
19 сентябр зодрӯзи яке аз чеҳраҳои шинохтаи театри тоҷик Барзу Абдураззоқов аст. Ӯ соли равон 67-сола
Барзу Абдураззоқов соли 1959 дар шаҳри Душанбе, дар хонаводаи ҳунармандони маъруф Ҳабибулло Абдураззоқов ва Фотима Ғуломова ба дунё омадааст.
Соли 1980 факултети коргардонии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кард. Сипас таҳсилро дар ГИТИС-и Москва идома дода, соли 1987 онро ба анҷом расонд.
Барзу Абдураззоқов дар театрҳои Тоҷикистон ва кишварҳои дигар, аз ҷумла Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Русия, даҳҳо намоиш ба саҳна гузоштааст. Осори саҳнавии ӯ бештар бо ҷустуҷӯи шаклҳои нави театрӣ, масъалаҳои иҷтимоӣ ва равонии инсон фарқ мекунад.
Барзу Абдураззоқов на танҳо коргардон, балки драматург, нависанда ва ҳунарпеша низ мебошад. Соли 2001 ба ӯ унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон дода шудааст.
Эҷодиёти ӯ дар чанд даҳсолаи охир аз марзҳои Тоҷикистон фаротар рафта, номи театри тоҷикро дар саҳнаҳои кишварҳои гуногун муаррифӣ кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ