Вақте гигабайтҳо пеш аз анҷоми тарофа ба поён мерасанд: ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет

Агар то гирифта шудани пардохти навбатии абонентӣ ҳоло якчанд рӯз монда, лекин трафики интернет аллакай ба поён расида истода бошад, чӣ кор бояд кард? Истифодабарандагони алоқаи МегаФон Тоҷикистон ду варианти оддӣ доранд: азнавпайвасткунии тарофа пеш аз мӯҳлат ё истифодаи бастаи иловагии “Боз ҳам  3.0″.


Роҳи
1: азнавпайвасткунии тарофа

Агар на танҳо интернет лозим бошаду Шумо барои истифодаи ҳамаи имкониятҳои тарофаи худ хоҳиш дошта бошед, метавонед анҷоми давраи ҷории ҳисоббаробаркуниро мунтазир нашуда, тарофаро пеш аз мӯҳлат пайваст намоед. Пас аз ин боз дақиқаҳо, гигабайтҳо ва дигар хизматрасониҳои ба баста дохилшуда дастрас мешаванд. Ин варианти аз ҳама қулай аст.

Тарофаро метавон мустақилона тариқи замимаи мобилии “МегаФон Life” аз нав пайваст намуд. Барои ин лозим меояд, ки замимаро кушода, дар саҳифаи асосии “Тарофаи ман” “Муфассал”-ро интихоб карда, тугмаи “Аз нав пайваст кардан”-ро пахш намоед.  

Роҳи 2: бастаи “Боз ҳам 3.0”

Агар то навшавии тарофа хеле кам вақт монда бошаду, барои тағйирдиҳии давраи ҳисоббарбаркунӣ хоҳиш надошта бошед, ба Шумо бастаи иловагии “Боз ҳам 3.0” кӯмак менамояд. Ин имконият зуд гигабайтҳоро ба тарофаи амалкунанда илова карда, имкон медиҳад, ки интернети мобилиро истифода баред. Дар ҳоле, ки агар якчанд рӯз паиҳам истифодаи фаъоли навигатор, тамошои видео ё вақтгузаронии зиёд дар интернет лозим ояд, бастаи иловагӣ хеле қулай хоҳад буд. Ҳатто амалҳои одатшудаи ҳаррӯза – мукотиба дар паёмрасонҳо, мусиқӣ, мутолиаи хабарҳо ва тамошои наворҳои кӯтоҳ метавонанд харҷи трафикро нонамоён зиёд намоянд.

Дар силсилаи “Боз ҳам 3.0” якчанд бастаҳои иловагӣ дастрас ҳастанд – аз 500 МБ бо нархи 8 сомонӣ то 5 ГБ бо нархи 40 сомонӣ. Шумо метавонед вариантеро вобаста ба он, ки то навсозии тарофаи асосӣ чӣ миқдор интернет лозим хоҳад омад, интихоб кунед ё якбора якчанд бастаҳои иловагиро пайваст намоед. Ҳамаи онҳо то лаҳзаи ситониши пардохти навбатии абонентӣ амал хоҳанд кард.

Маълумоти муфассал дар бораи шартҳои пайвастшавӣ ва арзиши баста – дар  сомонаи расмии МегаФон Тоҷикистон ва замимаи “МегаФон Life”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *