Истифодабарандагони об дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 7 млн. сомонӣ қарздоранд

Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд, истифодабарандагони об дар ноҳия аз ин идора беш аз 7 миллион сомонӣ қарздоранд.

Аз ин идора ба Pressa.tj иттилоъ доданд, ки давоми соли ҷорӣ 570 ҳазор сомонӣ андоз пардохт шудааст, аммо қарзи идора дар назди нозироти андоз ҳанӯз беш аз 1 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки қарзи истифодабарандагони об дар назди Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз 7 миллион сомонӣ бештар аст.

Бо вуҷуди мушкили қарздорӣ, идора тавонистааст ҳолати мелиоративии 380 гектар заминро дар ноҳия беҳтар намояд.

Ҳомидҷон Муродалиев, сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ба Pressa.tj гуфт, ки бо тоза кардани беш аз 8 километр заҳбуру заҳкаш ҳолати мелиоративии 380 гектар замин беҳтар карда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 119 гектар замин аз буҷети маҳаллӣ 150 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Ҳамчунин, аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизматрасонии истифодабарандагони об дар 261 гектар замин корҳои мелиоративӣ анҷом дода шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *