Дарси озоди абераи Аҳмади Дониш ба дипломатҳои тоҷик
Одил Дониш, абераи мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмади Дониш барои дипломатҳои тоҷик дарси озод гузаронидааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 2-юми ноябри имсол доктор Одил Дониш барои дипломатҳои ин ниҳод дар мавзуи “Аз пайгирии рушди зеҳни сунъӣ то эҷоди инфрасохтор барои ҷалби сармоягузорӣ” дарси кушод ироа намудааст.

Ба иттилои манбаъ, Одил Дониш роҷеъ ба рушду пешрафти технология, зеҳни сунъӣ, нақши зеҳни сунъӣ дар соҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сармоягузории оянда дар ин самт ва инчунин дар бораи таъриху фарҳанг, бузургону мутафаккирони тоҷик ва саҳми онҳо дар илми башарият суханронӣ кардааст.
Ҳамчунин 2-юми ноябр Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Одил Донишро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот атрофи масоили Конфронси байналмилалии зеҳни сунъӣ, (AICONF-2026) ва тақвияти ҳамкориҳо дар самти фарҳанг, тамаддун, саноат, технология ва зенҳи сунъӣ мубодилаи афкор сурат гирифтааст.

Одил Дониш, соҳибкори мисрӣ, раиси ширкати “Smart Villages” ва раиси Шӯрои мудирони ширкати мисрии “Silicon Waha” мебошад. Ӯ бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омада, дар ҳамоиши байналмилалии ҳуши маснуӣ-“AICONF-2026”, ки рӯзҳои 30 -31-уми октябр дар пойтахт баргузор шуд, ширкат кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ