Сирри дарси шавқовар
Дар зиндагии ҳар инсон шахсоне ҳастанд, ки бо дониш, сухан ва рафтори худ дар қалби дигарон ҷой мегиранд. Онҳо на танҳо илму маърифат меомӯзонанд, балки роҳи дурусти зиндагӣ, андешидан ва бо умед ба оянда нигаристанро низ ёд медиҳанд.
Устод аз ҷумлаи чунин шахсиятҳост, ки нақши ӯ дар ташаккули маънавӣ ва зеҳнии шогирдон бебаҳост. Баъзе инсонҳоро бо суханонашон мешиносем, баъзеи дигарро бо рафторашон эҳтиром мекунем, аммо омӯзгороне низ ҳастанд, ки бо дониш, хоксорӣ ва муносибати самимии худ дар хотираи шогирдон ҳамеша боқӣ мемонанд.
Барои ман яке аз чунин шахсон устоди азизам Ҳукмиддин Сафаров мебошад. Ӯ на танҳо бо донишу таҷриба, балки бо суханони ҳикматомез, муносибати самимӣ ва эҳтиром ба шогирдон сазовори қадршиносист.
Навиштан дар бораи чунин инсон осон нест, зеро баъзе эҳсосотро бо чанд ҷумла баён кардан душвор аст. Аммо мехоҳам дар ин навишта аз шахсияти устод Ҳукмиддин Сафаров, роҳи зиндагӣ ва нақши ӯ дар тарбияи насли ҷавон қисса кунам.
Ҳукмиддин Орзуевич Сафаров 17 январи соли 1978 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1996 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2000 онро аз рӯйи ихтисоси филолог, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст. Соли 2002 магистратураи донишгоҳро ба анҷом расонидааст.
Солҳои 2004-2008 ба ҳайси методисти шуъбаи тарбияи ДМТ фаъолият кардааст. Баъдан дар кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ кор намуда, солҳои 2009-2012 дар аспирантура таҳсил кардааст. Соли 2015 рисолаи илмии худро барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои филологӣ ҳимоя намудааст.
Аз соли 2012 ба ҳайси дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистика фаъолият дошта, моҳи октябри соли 2017 мудири кафедра таъин шудааст. Устод муаллифи ду монография ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ мебошад.
Бо вуҷуди ин ҳама дастовардҳои илмӣ, Ҳукмиддин Сафаров шахси хеле хоксор, самимӣ ва боназокатанд.
Ҳар вақте устод барои дарс ба синфхонаи мо ворид мешаванд, ба назарам 50 дақиқаи дарс мисли 5 дақиқа мегузарад. Донишҷӯ намехоҳад, ки дарс ба охир расад. Ҳатто баъзан аз устод хоҳиш мекардем, ки дар вақти танаффус ҳам дарсро идома диҳанд.
Он қадар дарсро сода, фаҳмо ва ҷолиб мегузаронанд, ки бисёр нуктаҳо бо як бор шунидан дар хотир мемонанд.
Яке аз ҷумлаҳои устодро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Боре вақти танаффус фаро расид. Муаллим гуфтанд:
– Танаффус кунед, аммо ба берун набароед.
Бо шунидани ин сухан ҳамаи ҳамкурсонамон хандиданд…
Боре ҳангоми суҳбат аз устод пурсидам:
– Устод, чаро дарсҳои шумо ин қадар шавқовар ва зуд мегузаранд, сири он дар чист?
Устод хандиданд ва мисли ҳамеша бо хоксорӣ ҷавоб доданд:
– Ин ягон сир надорад, равиши дарсдиҳии ман аз ҳамон аудитория вобаста аст. Бо донишҷӯёне, ки хоҳиши хондан доранд, дарс хеле шавқовар мегузарад ва муаллим ҳам мехоҳад бо онҳо бештар дарс гӯяд.
Вақте ин ҷавобро шунидам, боз ҳам бештар эҳсос кардам, ки устод ба мо донишҷӯён бо эҳтиром муносибат мекунанд ва мехоҳанд шавқу ҳаваси моро ба дониш зиёдтар созанд.
Устод барои ман танҳо омӯзгори фани забони адабии тоҷикӣ нестанд. Эшон роҳнамо, маслиҳатгар ва шахсе ҳастанд, ки бо рафтору сухани худ ба шогирд дарси зиндагӣ медиҳанд.
Нӯшин Боқизода,
донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ