Ноҳияи Данғара низ нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро намуд
Деҳқонони ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кардаанд.
Дар ин бора аз ҳукумати ноҳияи Данғара ба Pressa.tj иттилоъ дода гуфтанд, пахтакорони ноҳия бо ҷамъоварии беш аз 12 ҳазор тонна пахта нақшаро пурра иҷро намуданд.
Ба ин тартиб, аз 19 шаҳру ноҳияи пахтакор дар Хатлон, ноҳияи Данғара сеюмин шуда нақшаро иҷро кардааст. Қаблан Бохтару Левакант низ аз иҷрои дурнамои чиниши пахта хабар дода буданд.
Имсол нақшаи ҷамъоварии пахта дар Хатлон 266 ҳазору 200 тонна пешбинӣ шуда, то ҳол каме бештар аз 60 дарсад иҷро шудааст.
Дар дигар минтақаҳо низ баъзе ноҳияҳо аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта иттилоъ доданд. Кишоварзони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аввалин шуда нақшаи ҷамъоварии пахтаро дар ин вилоят иҷро намудаанд.
Тибқи омори расмӣ, то 30-юми октябр дар вилояти Суғд беш аз 77 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки ба 64,7 фоизи нақшаи солона баробар аст.
Ба иттилои расмӣ, соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахта наздик ба 395 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ