Заррагул Мирасанова иҷрокунандаи раиси Ҳизби коммунист шуд. Корро аз чӣ оғоз мекунад?
Заррагул Мирасанова иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон шуд.
Ӯ рӯзи 2-юми ноябр дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, дар ин бора рӯзи 31-уми октябр дар ҷаласаи навбатии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон қарор қабул гардид.
“Тибқи оиномаи ҳизб пештар ҳам ин вазифа ба мо вогузор шуда буд. Вақте Мироҷ Абдуллоев дар қайди ҳаёт буданд, вале ба кор омада натавонистанд, ин ба ман вогузор шуд, лекин 88 нафар аъзои пленим бояд инро тасдиқ мекарданд, ки карданд. Рӯзи шанбе, 31-уми октябр пленум баргузор гардид. Дар он ҷо мутобиқ ба оиннамаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон расман иҷрокунандаи раиси ҳизб тасдиқ шуд”,-афзуд ӯ.
Пас аз даргузашти Мироҷ Абдуллоев, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки 9 сол ин ҳизбро роҳбарӣ мекард, ин мақом холӣ буд. Мироҷ Абдуллоев як муддат вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буд.
Заррагул Мирасанова дар суҳбат ба Pressa.tj шарҳ дод, ки ҳамчун иҷрокунандаи раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон тасмим дорад бештар ҷавононро ба сафи ин ҳизб шомил намояд, ҳамкориро бо ҷомеи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва мақомоти давлатӣ густариш диҳад. Вай афзуд, ҳоло барои дар сатҳи баланд гузаронидани Анҷумани навбатии ҳизб корро оғоз намудаанд.
Заррагул Мирасановаи 71 – сола дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шуда, то ин замон котиби Кумитаи марказии ҳизб, муовини раиси ҳизб буд.
Ҳизби коммунист, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ идораи ҳукуматро ба даст дошт, пас аз пош хӯрдани он қудратро аз даст дод.
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, ба иттилои роҳбаронаш бештар аз 33 ҳазор аъзо дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ