Боздошти ронандаи «Тойота» дар Душанбе
Пулиси Душанбе аз боздошти ҷавоне хабар дод, ки дар як вақт ба се қоидавайронкунӣ даст зада, ҳамчунин дар воситаи нақлиёти худ чандин рақами қайди давлатии бегонаро насб намудааст.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шаҳрванд Анушервон Холиқов, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Тойота», ки ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат намекард, дастгир карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, зимни санҷиш муайян гардид, ки ӯ дар як вақт ба се қоидавайронкунӣ даст задааст.
“Аз ҷумла, шишаи пеши воситаи нақлиётро бо плёнкаи сиёҳ пурра рӯйпӯш намуда, ҳамзамон таҷҳизоти махсуси иловагии садодиҳандаю равшанидиҳанда насб намудааст. Инчунин, дар воситаи нақлиёти худ чандин рақами қайди давлатии бегонаро насб намуда, пайваста қоидавайронкунӣ мекард, ки рақамҳои мазкур мусодира карда шуданд”,-афзудааст манбаъ.
Нисбати Анушервон Холиқов бо моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санад тартиб дода шуда, бо қарори суд ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин гардид. Инчунин, барои вайрон намудани қоидаҳои ҳаракати роҳ бо моддаҳои 330 ва 316-и Кодекси маъмурӣ аснод тартиб дода шуда, воситаи нақлиёташ дар ҷаримагоҳи муваққатӣ ҷойгир карда шудааст.
РВКД дар шаҳри Душанбе аз ронандагон талаб кардааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд.
Бо вуҷуди таъкидҳои мақомот, нақзи қойдаҳои ҳаракат дар роҳ, рух додани садамаҳои нақлиёти пайваста расонаӣ мешавад.
Ба иттилои расмӣ, дар 8 моҳи соли ҷорӣ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо 9,2 фоиз зиёд шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ