Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея

16 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея бо Сарвазири ин кишвар  Ҳан Сон Сук мулоқот намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот изҳор дошт, ки мо рушду густариши робитаҳо бо Ҷумҳурии Кореяро яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии худ медонем.

Ҷонибҳо рушди ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои гуногунҷанбаро муҳокима карда, барномаҳои Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOIKA) дар Тоҷикистон ва рушди ҳамкорӣ дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея”-ро муҳим номиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва бештар фаъол гардонидани кори абзорҳои дуҷониба, бахусус Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ зарур шумурда шуд.

Бо мақсади тавсеаи робитаҳо, ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки  Гурӯҳи муштараки корӣ оид ба ҳамкории саноатӣ ва сармоягузорӣ таъсис дода шавад.

Барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои молия, бонкдорӣ, зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии иқтисод изҳори алоқамандӣ карда шуд.

Гуфтугуйи судманд атрофи тавсеи ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва сиёсати ҷавонон сурат гирифт.

Ривоҷ додани ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ ва сода гардондани ин раванд низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.

Табодули андеша, ҳамчунин, доир ба рушди ҳамкорӣ дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ, ба хусус Созмони Милали Муттаҳид ва атрофи мавзуъҳои алоҳидаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ҷараён гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *