Имзои 15 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея

Имрӯз, 16 сентябр пас аз музокироти роҳбарони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея миёни ду кишвар 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Санадҳо самтҳои гуногунро дар бар мегиранд.

Аз ҷумла, созишномаҳо ва ёддоштҳои зерин ба имзо расиданд:

– ҳамкорӣ ва ёрии мутақобила дар фаъолияти гумрукӣ;
– ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар марз;
– ҳамкорӣ дар соҳаи маориф;
– ҳамкории ҳамаҷониба дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;
– ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия;
– мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ оид ба қонунигардонии даромадҳои ҷиноятӣ ва маблағгузории терроризм;
– ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва савдо;
– омодасозии кадрҳо дар соҳаи нақлиёт;
– ҳамкорӣ дар соҳаи роҳи оҳан;
– барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва иқлим;
– ҳамкорӣ дар соҳаи содирот;
– ҳамкории техникӣ дар соҳаи бехатарии меҳнат ва саноату кӯҳкорӣ;
– ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика;
– ҳамкорӣ дар самти хизмати давлатӣ ва идоракунии кадрҳо;
– ҳамкорӣ миёни мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Полиси Корея.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *