Пойгоҳи онлайнии номҳои миллии тоҷикӣ фаъол шуд (видео)
Дар Тоҷикистон пойгоҳи онлайнии Nomvar.tj фаъол гардид. Ин пойгоҳ ба волидон имкон медиҳад, ки пеш аз сабти номи кӯдак санҷанд, ки номи интихобкардаашон дар феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ мавҷуд аст ё не.
Пойгоҳ дар асоси рӯйхати охирини Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, дар ҳоли ҳозир 3461 номро дар бар мегирад.
Корбарон метавонанд номҳоро аз рӯи ҷинс, ҳарфи аввал ва пайдоиш ҷустуҷӯ кунанд. Ҳамчунин, дар пойгоҳ маъно ва тарҷумаи номҳо пешниҳод шудааст.
Ба гуфтаи бунёдгузорони Nomvar.tj, истифодаи ин пойгоҳ комилан ройгон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ